Қӯқанди латиф ва Риштон - мизбони ҷашнвораҳои байналмилалӣ

  •  Қӯқанди латиф ва Риштон - мизбони ҷашнвораҳои байналмилалӣ
  •  Қӯқанди латиф ва Риштон - мизбони ҷашнвораҳои байналмилалӣ

Субҳи 19 сентябр майдони назди Ӯрдаи Худоёрхони шаҳри Қӯқанд, ки намуди идона касб менамуд, ҳазорҳо нафар мардуми шаҳр ва меҳмонони зиёдро гирди ҳам овард.

Қабл аз маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи  сеюми  байналмилалии ҳунармандон ва Ҷашнвораи дуюми байналмилалии кулолгарии Риштон, ки маҳз дар ин майдон сурат гирифт, бо иштироки ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов, Президенти бахши минтақаи Осиё ва уқёнуси Ороми Созмони ҳунармандони ҷаҳон (World Crafts Council) Саъд ал-Қаддумӣ, меҳмонон, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, блогнависон ва донишҷӯёну донишомӯзони муассисаҳои таълимоти олӣ, касбӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин сокинони шаҳр  роҳпаймоии хеле густарда баргузор гардид.

Роҳпаймоён бо либосҳои ранга зери садоҳои карнаю сурнай, дафу доира бо рақсу тарона сӯи майдони назди Ӯрдаи Худоёрхон меомаданд. Дар дасти ҷавонон парчами Ӯзбекистон парфишонӣ менамуд. Манзараи мазкурро ҷилваи парчами кишварҳои иштирокчии ҷашнвора боз ҳам ҳусни тоза мебахшид. Дар ин раванд баргузории маросими ифтитоҳи кӯчаи рамзии сайёҳии шаҳри Қӯқанд низ мавриди таваҷҷҷӯҳи иштирокчиёни он қарор гирифт.

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора меҳмононро самимона хайрамақдам гуфт. Ба гуфтаи ӯ аввалин ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки соли 2019 бо ташаббуси Сарвари давлатамон ва дастгирии Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон дар шаҳри Қӯқанд баргузор гардид, аҳамияти муҳими таърихиро доро мебошад.

– Ин чорабиниҳо мувофиқи қарори Сардори давлат аз 1 ноябри соли 2018 “Дар бораи баргузор намудани ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ” ва қарор “Дар бораи баргузор намудани ҳамоиши байналмилалии кулолгарӣ ва намоишгоҳ-савдои маҳсулоти кулолгарӣ” аз 23 августи соли 2021 дар шаҳри Қӯқанд ва ноҳияи Риштон роҳандозӣ мегарданд. Муассисони он Иттиҳодияи “Ҳунарманд”-и ҷумҳурӣ, ҳокимияти вилоят, вазорати фарҳанг, Шурои ҷаҳонии ҳунармандон ва бархе аз ташкилотҳои ҳамкор мебошанд, – изҳор намуд Хайрулло Бозоров.

 -Ба ин шаҳри куҳанбунёд бо шавқу завқ омадам. Ин шаҳрест, ки аҳли ҳунари зиёдро зодаву парвардааст. Қӯқанд аз зумраи он шаҳри Ӯзбекистон аст, ки мақоми шаҳри ҳунармандони ҷаҳонро касб намудааст. Умедворам, ки ҳар як ширкаткунанда ин бор низ аз шароитҳое хуб баҳра мебарад, ки дастандаркорони ӯзбекистонӣ барояшон фароҳам овардаанд, – гуфт Саъд ал-Қаддумӣ.

 Маълум шуд, ки дар ҷашнвораи мазкур 278 ширкаткунанда аз 70 кишвари ҷаҳон ва 412 ҳунарманд аз тамоми манотиқи кишварамон ширкат мекунанд. Инчунин, муҳаққиқон, олимон, конструкторҳо ва коршиносони соҳаҳои амалӣ дар сатҳи байналмилалӣ аз иштирокчиёни он мебошанд. Зиёда аз 50 журналистони расонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷӣ раванди ҷашнвораро бозтоб хоҳанд дод.

  Баъди анҷоми маросими ифтитоҳ ҳама дастаҷамъона ба тамошои намоишгоҳи маҳсулоте пардохтанд, ки аз ҷониби ҳунармандони ватанӣ ва хориҷӣ истеҳсол шудаанд. Хеле ҷолиб буд, ки барои ҳар як ҳунарманди аз вилояти кишвар ва мамлакати иштирокчӣ ташрифоварда павилёни алоҳида ҷудо кардаанд.

Маросими ифтитоҳи осорхонае, ки ба номи Ғадда Ҳиҷҷавӣ Каддумӣ гузошта шуд, қаблан Осорхонаи алломаҳои шаҳри Қӯқанд унвон гирифта буд. Он акнун расман унвони Осорхонаи байналмилалии ҳунармандонро ба даст овард ва ба номи Ғада Ҳиҷҷавӣ Қаддумӣ гузошта шуд. Ин хонум ҳамчун шахсияти маъруф, пажӯҳишгари пурсамар ва рӯшанфикре муаррифӣ шудааст, ки дар рушди ҳунарҳои ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст,     Дар чаҳорчӯби ҷашнвораҳои Қӯқанду Риштон таҳти унвони “Дурнамои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва санъати амалӣ” конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Он дар толори Театри драмаи мусиқии шаҳри Қӯқанд ба вуқӯъ пайваст. Дар конфронс 38 коршинос аз 13 кишвар, аз ҷумла Фаронса, Австрия, Эрон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд.

 Ҷашнвораҳои байналмилалии ҳунармандии Қӯқанду Риштон то 21 сентябр идома ёфтанд. Интизор меравад, ки имрӯз, 22 сентябр иштирокчиёни ин чорабиниҳо аз шаҳри Қӯқанд озими шаҳристони Риштон мешаванд ва аз тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кулолони риштонӣ баҳраманд мегарданд, бо намояндагони доираҳои соҳибкории он вориди мулоқотҳо мешаванд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: