То соли 1990 автобуси Учқӯрғон – Чимкент аз маркази ноҳияи Ашти Тоҷикистон ҳаракат мекард. Мо – донишҷӯён ба Тошканд барои таҳсил аз тариқи шаҳрҳои Ашту Конибодом мерафтем. Баъдан замонҳое шуд, ки ин роҳҳо барои мо – ӯзбекистониён баста шуданду ба воситаи Қамчиқ ҳаракат кардем...
Алҳол, хушбахтона роҳҳои баста боз ва дӯстиамон барқарор гардид. Мардумони ду кишвари дину мазҳабашон як ба рӯйи ҳамдигар дарҳои худро кушоданд, дӯстию эҳтироми ҳамдигариро аз дигар ба роҳ монданд.
Бо маслиҳат бо шоира Руқия Ғозиева барои дидани дӯстон сафари Тоҷикистонро ихтиёр кардем. Дар сарҳади ноҳияи Ашт сарҳадбонон ҳуҷҷатҳоямонро аз назар гузарониданд ва мо сӯйи Хуҷанд равона шудем. Дар ин шаҳр корхонаҳои абрешим, пойафзор, мебелсозӣ, консерву гӯштбарорӣ, пахтатозакунӣ, зарфҳои сирдор, таъмири мошин, нашриёт, мағозаҳои масолеҳи сохтмон, шиша, чарм ва ғайра бисёр будаанд. Бозори калони «Панҷшанбе» аз фурӯшандаву харидорон пур буд. Моро дар ин ҷо шоира Раънобону пешвоз гирифт. Ба хонаи ӯ рафтем. Ҳамкасбону ҳамсояҳо, дӯстони наздики шоира ҷамъ шуданд. Хонадони шоира зуд сурурхона шуд. Бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеъру сурудҳо садо доданд, рақсу бозӣ авҷ гирифт.
Обу ҳавои Хуҷанд мисли Намангон будааст. Баъд аз шабнишинии адабӣ ба тамошои Қалъаи Хуҷанд баромадем. Дар ин ҷо моро муовини раиси Маркази ӯзбекон Зокир Ҳаким ва дӯстамон Мунаввара Ойматова пешвоз гирифта, ба марказ таклиф намуданд.
Марказ дар як бино бо Хона-музейи устоди санъат Ҷӯрабек Муродов ҷойгир мебошад. Сурату лавҳаҳои гуногуне, ки дар бораи фаъолияти ин ҳофизи номдор нақл мекунанд, ба мо таассуроти бузург гузоштанд. Таърихи фаъолияти 60-солаи санъаткори машҳур дар се хонаи марказ бо тартиб ҷойгузин шудааст. Дар ин ҷо суратҳо ва китобҳои зебое, ки дар бораи устод Ҷӯрабек Муродов ҳикоя мекунанд, бисёранд. Мо ҳам ба дафтаре, ки дар бораи санъаткор фикру мулоҳизаҳои нек навишта шудаанд, ин ҷумлаҳоро навиштем: «Умратон дароз бод, фарзанди азизи ду халқ! Зинда бошед!»
Раиси Маркази ӯзбекон Илҳом Юсупов дар бораи фаъолияти он маълумот дод. Ӯ бо хурсандӣ таъкид намуд, ки дар марказ фонди ҷамъиятии «Ватандошлар» низ фаъолият мебарад. Дар бораи вохӯриҳои фарҳангиву маърифатӣ ва илмиву таҳлилии ду халқ бо ҷӯшу хурӯш сухан кард. Сипас сӯйи маркази шаҳр роҳ пеш гирифтем. Дар марказ байни гулҳои рангоранг сурати устод Садриддин Айниро дида, мафтун ва хеле шод шудем. Аксҳои шоирони номии тоҷик низ, гӯё моро «Хуш омадед!» мегуфтанд. Шаҳр хусусан дар ин рӯзҳои ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон (9 сентябр) ҳусни нотакрор дошт.
Дарёи Сир, ки аз байни шаҳри бостонӣ орому осуда ҷорист, чашму дили одамро ба ҳайрат меоварад. Агар ҳусни ин дарёро диданӣ бошед, албатта ба Хуҷанд равед, ба заврақҳо нишаста, сайр кунед. Зеро соҳили дарё гӯшаи ҳамешасабзу ҳамешабаҳори Хуҷанди бостон аст.
Дилбар Ҳайдарова,
шоира.
Шаҳри Намангон.