Мегӯянд, ки таърихро надонед, ояндаро рӯшан намебинед. Аз ин нигоҳ, саргузашти ҳар як инсон низ таърих аст, ки аз он метавон панд гирифт.
Дар шаҳр як муддат будубош доштам. Бо тақозои зиндагӣ сокини яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд гардидам. Дар маҳаллаи зисти мо миллатҳои гуногун: тоҷику ӯзбек, турк ва аксарият қазоқҳо мезистанд. Дар манзили нав бо ҷавонзани турк, ки Роҳила ном дошт, ҳамсояи девордармиён будем. Ҳарчанд духтари деҳотиям, зиндагӣ дар биноҳои серошёнаи пойтахт маро аз нонпазӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва дигар шуғлҳо дур карда буд.
Роҳила аз субҳ то шом, ба қавле, вақти сархорӣ надошт: гов меҷӯшид, гӯсфандонашро ба саҳро меронд, хамир ҷӯлида нон мепухт, алаф медаравид, аз меваю сабзавоти ҳавлӣ консерву мураббо омода мекард, даст ба таъмири хона мезад... Аз меҳнатдӯстӣ ва серҳаракатии ӯ хушам меомад. Шавҳараш ронанда буд, чор духтару як писар дошт. Халқи мо мақоле дорад, ки хеле санҷидаву баркашида гуфта аст: «Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд, харбуза зи харбуза гирад ранг». Мо бо оҳистагӣ ба ҷойи нав унс мегирифтем.
Ҳавлию ҷойи моён, ки 30-35 хол замин дошт, хеле васеъ буд. Чунин ба назар мерасид, ки соҳиби пешинаи он ба боғдорӣ иштиёқ доштааст. Дар боғи аз ӯ ба ёдгор монда дарахтони себ, зардолу, олуболу, се-чор навъи ангур, анор ва анҷир дар нашъунамо буданд. Дар як қитъаи замин юнучқа, дар тарафи дигараш ҷуворимакка корида буд. Аз поёни боғ ҷӯйи об мегузашт. Лӯлаи оби (оби нӯшокӣ) васати ҳавлӣ фишори баланд дошт. Гулҳои садбарг, тоҷихурӯс ва райҳон, ки дар ду тарафи даромадгоҳи дарвоза рӯйида буданд, ба дил фараҳ мебахшиданд.
Ману духтаронам, ки дар бинои сеутоқаи шаҳр гоҳо нафастанг мешудем, хонаҳои фароху ҳавлии васеъу шинамро дида хеле хушҳол мегардидем. Муҳимаш, аз он бехавотир будам, ки духтарҳо меҳнатро ёд мегиранд. Яке ҳавлиро об зада мерӯфт, дигаре хӯрок мепухт, сеюмӣ зарфҳоро об пур мекард, чорумӣ ҷомашӯйӣ мекард...
Ҳамсояҳо гову гӯсола, гӯсфанду барра доштанд. Онҳоро гоҳ ба дашт мебурданд, гоҳ ба гирду атрофи боғу кӯчаҳо сар медоданд.
Рӯзе ҳамсояи тарафи чапамон гуфт:
– Хоҳар, чаҳор гов дорам. Гови алоям таваллуд кард, вале чарогоҳ надорам. Мебинам, ки боғи васеъ дориву чорвоят нест. Ҳамин гови маро гир, ширу ҷурғоташ рӯзии фарзандонат. Ягон вақт говдор шавӣ, бармегардонӣ.
Хоҳиши ҳамсояи ғамхору покдил маро ба риққат овард. Магарам аз ҳамсояҳо ширу ҷурғот хариданамро медонист.
Ба нигоҳубини гову гӯсолаи насия пардохтем. Ин шуғл дар ёди ман деҳа, модарам, ширдӯшиву ширпазӣ ва гуппизаниҳои ӯро ба ёдам овард. Ба сабру таҳаммул ва заҳматписандии модари раҳматиам аҳсант хондам.
Субҳу бегоҳ алоро меҷӯшидам, як дег шир медод. Бо кӯмаки духтарон тагашро тоза мекардем, шавҳарам обу алаф медод, баъзан ба чарогоҳ мебурд. Ало, ки ҷуссаи калон дошт, сер карданаш осон набуд. Дертар ҳамсояҳо барои ширу ҷурғот ва равған ба мо муроҷиат мекардагӣ шуданд. Дар бачагӣ момои нурониям ба падару модарам бобати чорводорӣ сахтгирӣ карда мегуфт: «Мол дорӣ – ҳол дорӣ», ё «Як гов як оиларо поидааст». Такя ба гуфтаҳои ҳикматомези момои рӯзгордидаам, ба туфайли чорвопарварию боғдорӣ, чархи зиндагӣ пеш ғелид...
Субҳе баъди анҷом додани корҳои ҳаррӯза ба кор рафтам. Дар бахши тоҷикии Ширкати телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият доштам. Масофаи байни манзили зисту корхона 25-30 километр буд, ҳафтае се рӯз дар ин фосила рафтуо доштам. Он рӯз ҳамсарам низ, баъди аз хона баромаданам, баъзе корҳоро ба духтари 12 солаам таъин карда, ба дунболи кори худ рафта будааст...
Духтарам бо духтари Роҳила ҳамсол буд. Ҳар ду, баъди ба мурғон обу дон додан, хостаанд ҷойи говро, ки дар қитъаи юнучқа чаридан дошт, иваз кунанд. Баробари аз замин кашидани мех гови гуруснаву ташна ба самти сой давидааст. Духтарон ресмонашро ҳарчанд доштаанд, гов онҳоро то ҷое кашола карда раҳо шудааст. Таги сой лойи сиёҳ дошт, ки онро ботлоқ гӯянд. Аҳли маҳалла соле як бор сойро бо роҳи ҳашар тоза мекарданд.
Гов аввал аз сой шикамсерӣ об хӯрда, сипас ба хӯрдани алафи соҳили он сар кардааст. Вақте ба дарунтари сой меравад, мисле, ки ғарқ шуда бошад, аз назар нопадид мегардад. Духтарам ин ҳолатро дида садо баланд мекунад: «Ёрӣ диҳед, говамон ғарқ мешавад!»
Одатан, дар деҳа боғу ҳавлиҳои мардум девор надорад. Аҳли он дар ҳавлӣ бо чӣ кор машғул будани якдигарро мебинанд. Садои духтарамро шунида, ду-се нафар ба самти сой мераванд. То омадани онҳо ҷонвар сарашро аз об бароварда, ба алафхӯрӣ даромадааст.
Ҳамсояҳо бо василаи чӯби дарозе ресмони говро аз об бароварда, алои балоро ба сӯйи худ кашидаанд. Яке аз ҳамсояҳо ҳангоми говро аз сой баровардан хандида-хандида ҳазломез гуфтааст: «Биё, ҷонвар, биё, ту охир гови насияӣ. Агар ғарқ мешудӣ, ин бечораҳо товон медоданд».
Бегоҳӣ аз кор баргашта, баробари аз дарвоза даромадан, чашм ба сӯйи ало, ки омадани маро ҳар бегоҳ интизор мешуд, афкандам. Дар оғил ба ҷойи ало гови сиёҳе меистод. Ҳайратзада ба хона даромадам. Духтарам бо чашмони аз гиря сурхшуда маро пешвоз гирифта, инони гиряро сар дод. Баъди як андак ба худ омада гуфт: «Очаҷон, дигар говро ба ман партофта наравед!» Ва воқеаи рӯйдодаро нақл кард...
Назди гову гӯсола рафтам. Лойи сиёҳу часпаки сой ранги говро тағйир дода буд. Бо духтарҳо аз сой об кашонда, говро аз сар то пой шустем. Ало ба сурати пешинааш даромад. Ба қавле, худамро ту мегуфтаму гови насияро шумо...
Аҳд кардам, ки алоро ба ҳамсоя баргардонда, илоҷе ёфта гове мехарам. Орзуям амалӣ гардид.
Дар он ҳавлӣ ва манзилу макони пурфайз, ба қавле, ранҷҳоям аз ганҷҳоям зиёд буданд. Хости Худо, шавҳарамро дар ҳамон ҷо ба хок супурдем. Ҳоло он ҷо ба фарзандонам ба яке аз ҷойҳои азизу зиёратӣ табдил ёфтааст.
Пандҳои момову модарам чун ҳалқа дар гӯши ман аст, ки дар мавридаш мегуфтанд: «Таги сабр тиллост».
Ё ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:
Гӯянд, ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр.
Саодат Рӯзиева.