Риштон – номзади эҳтимолии «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон»

Интизор меравад, ки Риштон пас аз Бухоро, Қӯқанд ва Марғелон ба мақоми чаҳорумин «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» соҳиб хоҳад шуд. Намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо (AISBL) аз минтақа дидан карда, имконоти ҳунарҳои ин шаҳристони куҳанбунёдро таҳти арзёбӣ қарор доданд.

19-21 сентябр дар шаҳри Қӯқанд Ҷашнвораи III байналмилалии ҳунармандӣ ва дар ноҳияи Риштон ҷашнвораи II байналмилалии кулолгарӣ баргузор мегардад. 
Дар ин ҷашнвораҳо аз соири шаҳру вилотҳои кишварамон низ ҳунармандон даъват шудаанд, ки дар павилонҳои алоҳида маҳсулоти худро намоиш хоҳанд дод. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: