Деринатарин таълимгоҳи олии вилояти Бухоро – ДДБ 95-сола шуд. Вай соли 1930 созмон ёфта, дар давоми даҳсолаҳои гузашта баҳри тараққиёти илму маърифати мамлакат, тайёр кардани кадрҳои босалоҳияти хоҷагии халқ ва рушдёбии таълиму тарбия, инчунин афзун гардидани обрӯю эътибори Ватан дар арсаи байналхалқӣ саҳми арзанда мегузорад.
Хусусан, солҳои охир ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таълими олии хориҷа беш аз пеш афзудааст. Имрӯз дар ин ҷо ба 28641 нафар донишҷӯён 752 нафар профессорону устодон асосҳои илму фанро меомӯзанд. Лабораторияю марказҳои илмии замонавӣ баҳри тайёр кардани кадрҳои салоҳиятнок хидмат мекунанд.
Ба муносибати 95-солагии донишгоҳ дар ин ҷо комёбию бозёфтҳои факултетҳо намоиш дода шуд. Таҳти унвони «Мавқеи Бухоро дар тамаддуни олам: мероси ғанӣ, тараққиёти пойдор ва ояндаи дурахшон» анҷумани илмию амалии байналхалқӣ ба амал омад. Сипас муборакбодии вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо Кенгратбой Шарифов онлайн намоиш дода шуд. Ҳамкорону ҳамкасбон ҷамоаи донишгоҳро бо санаи таърихӣ муборакбод намуданд. Меҳмонон, олимони хориҷӣ низ баробари табрику дархостҳои нек туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Ба устодон-омӯзгорони ҷамоа нишони сарисинагии «ДДБ-95-сола» туҳфа гардид. Тақдимоти китоб, асарҳои илмӣ ба анҷуман шукӯҳ бахшид.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ДДБ ҳоло аз қатори 800-то беҳтарин таълимгоҳҳои олии ҷаҳон ҷо гирифтааст.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.