Ва ниҳоят, Душанбе!

Соли нави хониш дар мактабу донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмомӯзию шуғломӯзӣ шурӯъ шуд. Донишомӯзҳое, ки ба риштаи дӯстдоштаашон дохил шудаанд, бо шавқу завқи беандоза ба илм омӯхтан шурӯъ карданд.

Бархе аз донишҷӯен бошад, бо хоҳиши волидон ё таваккал карда ба факултаҳое, ки мавриди алоқаашон нест, ба дарс хондан шурӯъ карданд.

Толибилмоне ҳастанд, ки интихоби дуруст карданду бо шавқи беандоза соҳаро аз худ мекунанд, мутахассисони хуб шуда донишгоҳро хатм мекунанд ва дар ҷойи корашон фаъолу барои сифати корро бардоштан ҳиссагузор мешаванд. Онҳо дар рӯзҳои истироҳат ҳам зудтар фаро расидани рӯзи душанберо бесаброна мунтазир мешаванд, то ба ҷойи корашон раванд. Ба ибораи Конфутсий «Касберо интихоб кун, ки дӯсташ медорӣ, он гоҳ ҳатто як рӯз ҳам дар зиндагӣ худро ба кор кардан маҷбур намекунӣ».

Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки агар кас шуғли дӯстдошта ва дар ҷойи кор эҳсоси хуб дошта бошад, саломатии руҳию ҷисмониаш ҳам хуб мешавад.

Онҳое, ки худро маҷбур карда, барои диплом дарс мехонанд, ҳиссиёти хубе надоранд, ба дарсҳо иштирок намекунанд ё донишгоҳро хатм карда наметавонанд. Волидон аз бонкҳо қарздор мешаванду маҷбур мешаванд ҳам худашон ва ҳам фарзандашон мардикориро пеша кунанд. Ин зумра донишҷӯён донишгоҳ ё мактаби олиро хатм кунанд ҳам, дар ҷойи кор фақат барои маош кор мекунанд ва зуд-зуд бемор шуда ба кор намеоянд. Доштани ин гуна коргарон ҳам барои корхона ва ҳам барои давлату ҷомеа гарон меафтад.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ аксари падару модарон кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳ фарзандонашонро ба мактабҳои олие, ки худашон мехоҳанд, дохил кунанд. Волидон ҳеч фикр намекунанд, ки шояд фарзандашон тавоноии хондани донишгоҳро надорад ё ягон мушкили зеҳнӣ дошта бошад. Падару модарон бештар фикр мекунанд, ки нури дидаашон мисли ҳамсолонашон дар донишгоҳ бихонанду онҳо соҳиби обрӯ шаванд...

Пас роҳи ҳалле бояд пайдо кард, ки пеши сарсонию саргардониҳои ҷавонон ва волидони онҳо ҳамчунин тақаллубкориҳоро бигирад. Ҷавонон бояд аз аввал касби дуруст интихоб кунанд. Бояд дар мактабҳо мушовирони илму касбомӯзӣ фаъол бошанду истеъдоду қобилияти бачаҳоро густариш диҳанд.

Методи биологдизайнер, ки имрӯз мехоҳам бароятон муаррифӣ кунам, барои онҳое, ки мустақилона касб интихоб карда наметавонанд, ё дудилаанд, кумак мекунад.

Биологдизайнер як усул (ё усули кор) аст, ки ба далелҳои илмӣ такя мекунад ва барои дастгирии шахсон дар бозгашт ба кор ё таҳсил кумак менамояд. Ин усул дар беш аз 80 шаҳру ноҳияи Шветсия истифода шудааст ва асосаш дар пешниҳоди дастгирии инфиродӣ (индивидуалӣ) дар соҳаи роҳнамоии меҳнат мебошад.

Ҳадаф — кӯмак ба иштирокчиён дар муайян кардан ва амалӣ намудани беҳтарин имконоти худ дар бозори меҳнат бо дарназардошти андешаҳои ҳам мутахассисон (педагогҳо, психологҳо, тарроҳон) ва ҳам шахсони дорои таҷрибаи шахсӣ бо мушкилоте чун тамаркуз (диққат), забон, аутизм, бемориҳои рӯҳӣ ва ғайра мебошад.

96% иштирокчиёни созмони Раҳнамоии ҷавонон дар шаҳри Лахолм ин методро дар фаъолияти кор бо ҷавонон тавсия намудаанд.

Дар соҳаи барқарорсозии меҳнатӣ тавассути идораи кор ин усул шумораи шахсоне, ки ба кор ё таҳсил гузаштанд, нисбат ба усулҳои қаблӣ ду баробар зиёд намуд.

Лоиҳаи MAC ки барои кумак ба бекорони муқими шаҳри Вестерос аст, нишон дод, ки фоидаи дарозмуддати пешбинишуда барои ташкилотҳои давлатӣ, ки биологдизайнерро истифода мебаранд, 477 ҳазор крон барои ҳар як иштирокчӣ мебошад.

Нависанда ва пажӯҳишгари швед Торилд Карлсон шахси масъул барои биологдизайнер мебошад ва ӯ намояндаи Институти Ибилитӣ дар масъалаҳои марбут ба татбиқ ва маслиҳатдиҳӣ оид ба ин усул аст. Тибқи маълумоти ахбори Ibility, соли 2024 биологдизайнер фаъолона дар шаҳрҳои Ҳарнёсанд, Онгe, Сундсвалл ва Тимро истифода шуд, ки дар он ҷо барои кормандони бахши бозори меҳнати коммуналӣ омӯзиш роҳандозӣ шуд.

Чаро ин усул биологдизайнер номида шуд?

Таърифи зане, ки аввал биолог буд ва баъд биолог-дизайнер шуд, ин аст.

Дар китоби Торилд Карлсон «Ва ниҳоят, душанбе, мифҳо ва имкониятҳо дар ҳаёти корӣ» як ҳикояи воқеии биологзане оварда шудааст. Вай аз кори маъмурӣ дар як муассисаи таҳқиқотӣ хаста шуда, ба хондани курсҳои графикии тарроҳӣ шурӯъ кард. Бо вуҷуди он ки корфармоён аксар вақт тарроҳонеро меҷустанд, ки таҷрибаи корӣ дошта бошанд, вай фаҳмид, ки касби пештараи биологии ӯ ба ӯ имконият медиҳад, ки донишҳои илмиро бо тарроҳӣ муттаҳид кунад. Ин ба ӯ имкон дод, ки дастурҳои дастӣ дар бораи паррандагон ва моҳиҳоро тасвир кунад, афишаҳо дар бораи муҳити Балтика эҷод кунад ва дар таблиғоти як боғ кумак кунад.

Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки чӣ гуна омезиши ғайричашмдоштии қобилиятҳо метавонад ба роҳҳои нави касбӣ ва ҷолиб оварда расонад. Ин намунаест, ки чӣ гуна пас замина (ихтисос) ва таҷрибаҳои шахсӣ метавонанд дарҳои имкониятҳои касбиро, ки дар аввал намоён нестанд, боз кунанд.

Ҳоло бозори кор ва корфармоҳо бисёртар шахсоне, ки соҳиби қобилият ва ҳамакора ҳастанд, меписанданд ва дар мадди аввал ба кор қабул мекунанд. Ибораи халқии «ба як ҷавон чил ҳунар кам аст», беҳуда нест.

Бо ин метод кас метавонад тавоноии худро дарк карда роҳҳои ба мақсад расиданро барномарезӣ мекунад.

Дарсҳои биологдизайнер чӣ тавр суръат мегирад? Ду нафар мутахассисон (як зан ва як мард ба мақсад мувофиқ аст) бо гурӯҳ машғулияти биологдизайнерро мегузаронанд. Мизи иштирокчиён мисли ҳарфи п гузошта шудааст. Синф бо тахтаи қайдҳо ва дигар чизҳои дар вақти омӯзиш истифодабаранда ҷиҳозонида мешавад. Бояд ҳар як иштирокчӣ папкаи шахсии худро дошта бошад ва ҳар рӯз он машқҳое, ки бо устодон ва ҳамроҳонаш иҷро мекунанд, дар он папка бидӯзад. Машқҳо бо суратҳо ва ҳуруфи зебо дар коғази А4 навишта шудааст ва дар ҷараёни дарс ба иштирокчиён дода мешавад. Онҳо сараввал аз иштирокчиёни гурӯҳ мепурсанд, ки дар назари онҳо шуғли беҳтарин чӣ аст. Шогирдон дар бораи шуғли беҳтарин назари худро мегӯянд ва яке аз устодон онро дар тахтаи синф менависад. Дар ҷараёни дарс аз ҳамаи шогирдон талаб карда мешавад, ки фаъолона иштирок кунанд. Ҳамин тавр дар давоми 10 рӯз гурӯҳи мазкур 10 мавзӯъро муҳокима карда, аз рӯи он машқҳоро анҷом медиҳанд. Иштирокчиён дар ҷараёни омӯзиш барои мусоҳибаи кор омода мешаванд ва талаби корфармоҳоро меомӯзанд, ба ҳамсабақҳояшон маслиҳату пешниҳод медиҳанд. Тавассути карточкаҳои хурд, ки дар он сифатҳои хубу бади коргар ва корфармо навишта шудааст, иштирокчиён фикри худро баён карда, дар папкаҳояшон мечаспонанд. Баъди ҳар як машғулият устодон аз шогирдон суол мекунанд, ки имрӯз чӣ омӯхтанд ва дарсро ҷамъбаст мекунанд.

Ду нафар будани устодон ба хотири он аст, ки мавзӯъҳо метавонанд ҳиссиёти бад ё хотираҳои бади иштирокчиёнро бедор кунанд ва яке аз устодон метавонад шогирдро ба утоқи дигар бурда дилбардорӣ ва таскин диҳад.

Тавассути машқҳои сода шогирдон тавоноӣ ва шуғли мавриди алоқаашонро пайдо мекунанд ва касби дилхоҳашонро интихоб мекунанд. Ин гуна машғулиятҳо барои навиштани тарҷимаи ҳол ҳам ба онҳо кумак мерасонад. Агар ин гуна машғулиятҳоро бо шогирдони синфҳои болоӣ ва онҳое, ки дунболи кор ҳастанд, гузаронида шавад, барои ҷомеа ва зиндагии мардум чизи муфиде хоҳад шуд.

Улдон Қараева.

Шветсия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: