Қарзи дебиторӣ 14 фоиз кам шуд

Дар Маркази матбуоти миллӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» таҳти мавзӯи «Муайян кардани ҳолатҳои ғайриқонунии пайвастан ба шабакаҳои оби ошомиданӣ ва чораҳои бартараф намудани қарздории дебитории истеъмолчиён» нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

Мавҷудияти инсон, наботот, ҳайвонот, яъне тамоми олами ҳастӣ ба об вобаста аст. Бе об ҳаёт нест. Аз рӯйи мушоҳидаи  кайҳоннавардон Замин ранги кабуди осмониро дорад. Аз чор се ҳиссаи Заминро об иҳота кардааст, ки  97 фоизи  он шӯр, 2 фоиз ях ва фақат 1 фоиз оби барои истифода мувофиқ ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки он як фоизро оқилона истифода барем.       

Дар кишвари мо  таҳти сиёсати оқилонаи  сарвари давлат масъалаи рушди соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Чун дигар соҳаҳо  дар ин самт низ ислоҳот амалӣ мегарданд. Бо вуҷуди  мавҷуд будани инфрасохтори пешрафта, истеъмолкунандагон низ ӯҳдадориҳои қонунии худро иҷро накунанд, махсусан, пардохтҳоро сари вақт насупоранд ва ба меъёрҳои истеъмолӣ риоя нанамоянд, ислоҳот дар соҳа натиҷаи мусбат намедиҳад. Аз ин рӯ, ба мустаҳкам намудани интизоми пардохт дар байни аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ходисаҳои вайронкорӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар нишасти матбуотие, ки  Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» таҳти мавзӯи «Муайян кардани  ҳолатҳои ғайриқонунии пайвастан ба шабакаҳои оби ошомиданӣ ва чораҳои бартараф намудани қарздории дебитории истеъмолчиён» дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, дар атрофи истифодаи оқилонаву пардохти саривақтии оби масрафшуда суҳбати доманфарох барпо гардид.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби ҷамъият солҳои охир дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои марбути соҳа оиди пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар истифодаи хидматҳои таъминоти об ва партовоб, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шудаанд.

– Давоми  8 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ 3899 ҳолати ғайриқонунии пайвастан ба шабакаҳои таъминоти об ва партовоб ошкор  гардид, – иброз дошт муовини раиси раёсати ҶС «Ӯзсувтаъминот» Хуршед Раҳматуллоев. –  Ин ҳолатҳоро аз рӯи минтақаҳо таҳлил кунем, аён мегардад, ки дар вилояти Сирдарё – 433ҳолат, шаҳри Тошканд – 410, Қароқалпоқистон – 408 ва дар вилояти Хоразм – 343  ҳолати ғайриқонунӣ пайвастан ба шабакаи об ва канализатсия ошкор шудааст. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ин вайронкориҳо ба манфиати ҷамъияти саҳҳомӣ ба маблағи зиёда аз 76,2 миллиард сӯм зарар расондааст, ки аз ин маблағ қариб 30 миллиард сӯм ҳамчун товони зарар рӯёнда шуд.

Барои бартараф намудани чунин ҳолатҳо аз ҷониби ҷамъият дар вилоятҳо ҳар ҳафта ходимони таъминоти об бо ҳамкории шуъбаҳои идораҳои иҷрои ҳатмӣ ва прокуратура рейдҳо мегузаронанд. 

Бояд гуфт, ки қонунгузории ҷорӣ барои худсарона пайвастан ба шабакаҳои таъминоти об ва партовҳо ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намуда, нисбати вайронкорон бо тартиби муқарраргардида чораҳои дахлдор андешида мешавад. Ғайр аз ин, барои беҳтар намудани интизоми пардохт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

– Истеъмолкунандагон имкон доранд  ҳангоми пардохт аз усулҳои қулай ва муосир истифода баранд, – гуфт роҳбари шуъбаи ҶС «Ӯзсувтаъминот»  Олимҷон Собиров. – Кӯшиш мекунем ташвиқоти гуногунро кор бурда, маданияти пардохтро байни аҳолӣ боло бардорем, то онҳо пардохтро сари вақт супоранд. Барои сарфаи вақт дар телеграм фаъолияти боти махсусро ба роҳ мондем, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он дар бораи ҳолати қарздории худ маълумот гиранд ва аз тариқи онлайн пардохтро амалӣ намоянд.

Зикр гашт, ки барои кам кардани қарзи мавҷуда соли ҷорӣ ба судҳои шаҳрвандӣ  ва иқтисодӣ нисбат ба 103 300 нафар қарздор ба маблағи 332,2 миллиард сӯм даъво пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ 53,5 ҳазор нафар шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ бино бар бақияи қарзҳо аз истифодабарии об қатъ карда шуданд. Аз ин шумор 38 100 ҳолат, ки аз ҳама бештар аст,  дар шаҳри Тошканд сабт шудааст.

Натиҷаи ҳамин ҷидду ҷаҳд аст, ки қарзи дебитории истеъмолкунандагон назар ба аввали соли ҷорӣ 146,4 миллиард сӯм, ё худ 14 фоиз кам шуд. Қарз назар ба ҳамин давраи соли гузашта 281,4 миллиард сӯм, ё худ 27 фоиз кам шудааст. Барои босуръат идома додани ин кор ва боз ҳам беҳтар гардонидани талаботи аҳолӣ ба таъмини оби нӯшокӣ ва канализатсия вазифаю чорабиниҳои таъхирнопазир муайян шудаанд, ки бояд то охири соли 2025 амалӣ шаванд.

Г. КАБИРОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: