22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи чорабиниҳои сессияи ҷашнии 80-умин солгарди Маҷмаи умумии СММ, дар қароргоҳе, ки барои ӯ ҷудо шудааст, намояндаи махсуси Президенти ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Сержио Горро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сержио Гор саломи самимии Президенти ИМА Доналд Трампро расонд.
Ҷиҳати татбиқи тавофуқҳое, ки 5 сентябри соли ҷорӣ зимни суҳбати телефонӣ миёни сарони ду кишвар ба даст омаданд, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи сиёсӣ, табодули ҳайатҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ босуръат рушд меёбанд.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Ню-Йорк бо ширкатҳои пешрафтаи ИМА вохӯрӣ ва чорабиниҳои муфиди зиёде баргузор шуданд. Дар самтҳои авлавиятнок — авиатсияи гражданӣ, саноати кӯҳӣ, молия ва инноватсияҳо, кимиё, энергетика ва ғайра портфели шартномаҳо ва лоиҳаҳои ояндадоре бо арзиши умумии беш аз 100 миллиард доллар ташаккул ёфтанд.
Таъкид шуд, ки барои дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нав, истифода аз имкониятҳои Бонки содироти ИМА (EXIM Bank) ва Фонди "DFC", суръат бахшидан ба татбиқи онҳо таъсиси Кумитаи муштараки ҳамоҳангсоз хеле муҳим аст.
Ба ҳамкориҳо дар самти таъмини амният, мубориза бо терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Нақшаи чорабиниҳои оянда низ баррасӣ шуд.