Президентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Корея масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегиро муҳокима карданд

23 сентябр дар ҳошияи сессияи Ассамблеяи Генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мён мулоқот кард.

Масъалаҳои минбаъд мустаҳкам намудани муносибати шарикии махсуси стратегии байни Ӯзбекистон ва Корея ва вусъат додани ҳамкории бисёрҷанба муҳокима гардиданд.

Натиҷаҳои баланди ҳамкории дар солҳои охир бадастомада, табодули муттасил ва робитаҳо дар тамоми дараҷаҳо бо қаноатмандӣ таъкид ёфт.

Нишондодҳои савдои тарафайн босубот меафзояд. Ҳаҷми сармояи бевоситаи ширкатҳои корейс ба иқтисодиёти Ӯзбекистон аз 8 миллиард доллар зиёд гардид.

Дар мамлакатамон 4 филиали муассисаҳои таълими олии пешқадами корейс фаъолият доранд, марказҳои таълими касбӣ дар минтақаҳо бомуваффақият кор мекунанд.

Ба шарикии босамари бисёрсола бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналхалқӣ, Эксимбонки Корея ва фондҳои он, ки ҷамъи бастаи лоиҳаҳо бо онҳо 3,5 миллиард долларро ташкил менамояд, баҳои баланд дода шуд.

Тавофуқ дар бобати омода намудани Барномаи нави шарикии технологӣ ва саноатии дарозмуддат ба вуҷуд омад, ки пеш бурдани лоиҳаҳоро дар соҳаҳои коркарди амиқи ашёи хоми муҳим, кимиё, мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, авиатсия, биотехнология ва дигар самтҳои бартаринокро пешбинӣ менамояд.

Ба ин маънӣ аҳамияти босамар баргузор намудани ҷамъомади ояндаи Комиссияи байниҳукуматӣ таъкид ёфт.

Дар заминаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, аз он ҷумла дар формати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» табодули афкор ба амал омад.

Дар поёни мулоқот роҳбари давлатамон Президенти Кореяро даъват намуд, ки бо ташрифи давлатӣ аз Ӯзбекистон боздид намояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: