Пешвоёни Ӯзбекистон ва Албания масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи иштирок дар ҳафтаи чорабиниҳои сатҳи олии СММ бо Президенти Албания Байрам Бегай мулоқот кард.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо масъалаҳои рушди ҳамкории муфиди тарафайн дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибати дутарафа, аз он ҷумла бо роҳи фароҳам овардани механизмҳои гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамкории иқтисодӣ изҳори манфиатдорӣ намуданд.

Аҳамияти ифшо намудани зарфияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва инвеститсия, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо мисли хоҷагии қишлоқ ва саноати  маишӣ, нақлиёт ва ғайра таъкид гардид.

Пешвоён инчунин дар заминаи масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: