Ташаббус ва тараққиёт бо рӯҳи нав

Маскани таълими томактабии рақами 6-уми ноҳияи Самарқанд, ки дар он 240 кӯдак дар 8 гурӯҳ таълиму тарбия мегиранд, бо роҳбарии мудири ботаҷриба Зулфия Рофеева ба муассисаи замонавӣ табдил ёфтааст.

Бо дастаи 14 нафар кормандон, ки аксарият соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд, боғча шароити муосир ва муносибро барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё намудааст. Ҳарчанд ин муассисаи таълими томактабӣ дар деҳа, доманаи кӯҳи Оҳалик ҷойгир аст, вале шароиту имкониятҳои он аз боғчаҳои шаҳр камӣ надорад.

– Дар ошхонаи боғча низоми аутсорсинг ҷорӣ карда шуд, – гуфт роҳбари ин муассиса. –  Яъне, тайёр кардани ғизои кӯдаконро на худи муассиса, балки як ширкати хусусӣ ба ӯҳда гирифтааст. Ин усул имкон медиҳад, ки мо ба кори асосии худ — тарбия ва таълими кӯдакон диққат диҳем.  Зеро акнун масъалаи ғизо аз ҷониби мутахассисон ҳал карда мешавад.

Дар мактабҳои миёнаи таълими умумии рақами 30, 32 ва 18 низ барои кӯдакони синни 5-6 сола, ки дар боғча тарбия намеёбанд, гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб таъсис ёфтаанд. Мураббиён Таҳмина Норқобилова, Диёра Абдурасулова ва Сарвиноз Муртазоева бо кӯдакон бо масъулият ва муҳаббат кор мекунанд, то онҳоро барои мактаб омода созанд.

–  Хеле сарфарозам, ки фарзанду набераҳоямон дар боғчаи замонавӣ таълиму тарбия мегиранд, – бо ҳаяҷон гуфт мураббии собиқадор Дилафрӯз Зайниева. – Хонаҳо барҳавою равшан буда, барои бачаҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳар рӯз бо кайфияти болидаву рӯҳи тоза ба кор меоем. Зеро мо – тарбиятгарони ояндаи Ӯзекистони Нав ҳастем.

Дилрабо НАСИМӢ.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: