Пӯшида нест, ки Президент аз рӯзҳои аввали кору фаъолият ба таълим ва тарбияи насли ҷавон эътибор медиҳад. Оре, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба забони ҳол мегӯяд, ки рушди ҳамаҷонибаи мамлакатҳо ба насли ҷавони соҳибмаърифат ва мутахассис иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ин аст, ки дар мамлакатамон ҳар сол чандин муассисаи таълими томактабию мактабӣ ва олӣ сохта ба истифода дода мешаванд, барои такмили малакаи омӯзгорон дар кишвар ва хориҷи он омӯзгорон рӯйи эътибор гардонда мешавад, бо иштироки мутахассисони мамлакатҳои хориҷӣ дарсҳои маҳорат ташкил меёбанд, бо мурури вақт муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида мешаванд.
Сарвари мамлакат қариб дар ҳар баромади худ доир ба мактабу маориф ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ сухан ба миён меоварад.
Ӯ дар маросими мутантане, ки ба 34-умин солгарди истиқлоли кишвар бахшида шуда буд, ба сухан баромада, аз ҷумла, бо камоли мамнуният гуфт: «...Дар ин давр дар таҳсилоти олӣ низ дигаргуниҳои бесобиқаро татбиқ намуда, сатҳи фарогириро аз 9 ба 42 фоиз расондем. Бахусус, 53 дарсади донишҷӯёнро занону духтарон ташкил мекунанд, ки натиҷаи сазовори эътибор аст.
Ҳоло дар донишгоҳҳои ҷаҳон зиёда аз 2 ҳазор нафар донишҷӯёни мо таҳсил мегиранд...
Бахусус, хурсандии падару модаронеро, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил доранд, бо сухан наметавон ифода кард.
Дар ин маврид мехоҳам як воқеаи масарратбахшро алоҳида таъкид намоям: се мактаби кишварамон аз рӯйм қабул ба муассисаҳои таълими олӣ натиҷаи 100 фоизро қайд карданд. Инҳо мактаб-интернати ноҳияи Қарокӯл, мактаб интернати махсуси рақами 1-уми шаҳри Навоӣ ва мактаби эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфияи ноҳияи Ҷиззах мебошанд
Албатта, ин ифодаи амалии ғояи созандаи «Ӯзбекистони нав аз остонаи нав сар мешавад» мебошад...»
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки чанде қабл, аниқтараш 9 сентябри соли равон, таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, вазифаҳои афзалиятнок дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ муайян карда шуданд.
Дар он, аз ҷумла, гуфта шуд: ба мақсади фароҳам овардани шароит барои ҷавонони боиқтидор дар вилоятҳо филиали мактабҳои Ал-Хоразмӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, Мирзо Улуғбек доир ба муҳандисӣ, мактаби Ибни Сино, ки ба фанҳои тиббӣ ихтисосонида шудааст, таъсис меёбанд.
Ҳоло бо ташаббуси сарвари давлатмон дар ҳар ноҳияву вилояти кишвар филиали чунин мактабҳо созмон дода мешаванд. Аз ҷумла, дар мактаби рақами 9-уми шаҳри Тирмиз нахустин мактаби муҳандисӣ ба фаъолият оғоз кард.
Мактаби мазкур ба дастгирии шавқу ҳаваси хонандагони мактаб дар самти муҳандисию технология ва омода кардани онҳо ба фановароӣ ва соҳаи техника нигаронида шудааст.
– Барои таъсиси мактаб беш аз 800 миллион сӯм маблағ масраф гардид, – мегӯяд омӯзгори робототехника Аъзамҷон Холматов. – Хонандагон дар ин ҷо моделсозӣ ва электроникаро меомӯзанд. Барилова, аз барномарезӣ низ сабақ хоҳанд гирифт.
Мактаби номбурда дар шаҳри Тирмиз аз мактабҳои таҷрибавист. Бо назардошти самарабахшии он дар оянда дари мактаби мазкур дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят боз хоҳад шуд. Ин оғози марҳилаи нави низоми таълим буда, ба рӯйи муҳандисони оянда дари васеъ хоҳад кушод.
Сурайё Норманӣ,
ш. Тирмиз.