Устод Рӯдакӣ, ҳарчанд шоири соҳибдевон буд, адабиётшиносон ҳадс мезананд, ки аз ӯ беш аз 1000 сатр шеър боқӣ мондааст. Ва он абёти боқимонда дар васфи арзишҳои волову абадии маънавӣ, ватанпарастӣ, одамият, ишқи поку беолоиши инсонӣ, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва некӯкориву хайрандешианд.
Аз сухан пайкаре гар ороянд,
Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.
Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,
Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.
Рустам Ваҳҳобзода
Олими саршиноси тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар яке аз мақолаҳои худ ёдоварӣ карда буданд, ки мо овони хурдсолӣ, ҳарчанд ба маъниашон сарфаҳм намерафтем, шеъру шоҳбайтҳои шуарои классикро қориазёд мекардем. Тавре ки мегӯянд: илм дар ҷавонӣ нақш бар санг аст, он абёт дар лавҳи хотири мо нақш мебаст. Дертар, дар бузургсолӣ, ба умқи маънии он байтҳо рафтем, ки дар тӯли умр ғизои маънавии мо буданд.
Академик бо ин гуфтан мехост, ки мо бояд абёти ҳикматомези шоирони классикро, ки ғизои маънавии ҷаҳониён низ мебошанд, бояд бебаркаш ба лавҳи ёди насли ҷавон кӯчонем. Бигузор, онҳо дар хурдсолӣ ба маънии байтҳо сарфаҳм нараванд, вале дертар ба ғизои маънавии онҳо табдил хоҳанд ёфт.
Инҷониб низ овони мактабхонӣ мисли устод Шакурӣ ва ҳамсолони худ абёти шуарои классик, аз ҷумла абёти мондагори устод Рӯдакиро қориазёд мекардам. Он абёт то имрӯз бо моянд. Ҳар боре шоҳбайтҳои Одамушшуароро такрор мекунам, ё дар мавриде аз нафаре мешунавам, бузургии ӯро бори дигар кашф менамоям.
Устод Рӯдакӣ, ҳарчанд шоири соҳибдевон буд, адабиётшиносон ҳадс мезананд, ки аз ӯ беш аз 1000 сатр шеър боқӣ мондааст. Ва он абёти боқимонда дар васфи арзишҳои волову абадии маънавӣ, ватанпарастӣ, одамият, ишқи поку беолоиши инсонӣ, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва некӯкориву хайрандешианд.
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ин абёти устоди сухан, агар гӯем, ки ҳар сол дар маҳфилҳои гуногун ва суҳбати дӯстон садо медиҳад, муболиға нахоҳад шуд. Борҳо шоҳиди он гардидаам, ки байти аввали ин пора дар маҳфилу анҷуманҳои гуногун ба забони ӯзбекӣ низ садо додааст:
Жаҳоннинг шодлиги йиғилса бутун,
Дӯстлар дийдоридан бӯлолмас устун.
Аз нигоҳи Рӯдакии хуросонисаро бо дод, бетакуллуф (кӯшишу заҳмати беш аз андоза) ва бе рашку ҳасад зистан мояи дилхушии инсон будааст. Имрӯз низ дар байни мардум нафароне ёфт мешаванд, ки ба беҳтар аз худ назар карда, ғам мехӯранд, ки дороии ӯ дар онҳо нест. Рӯдакӣ панд медиҳад, ки барои шод зистан, ин гунаҳо бояд ба кам аз худ назар кунанд:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Шоири пурҳунар ба чор чиз арҷ гузошта, таъкид менамояд, ки ҳар кӣ ин чаҳор: тани дуруст, хӯйи нек, номи нек ва хирадро дорад, бояд шукри Эзид (Худо) кунад, ки барояш додааст:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.
Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Воқеан, агар қасри муҳташам, автомобилҳои гуногунтамға ва давлати бисёр дошта бошеду танатон сиҳат набошад, дунёи рӯшан ба назаратон торик ҷилва мекунад, на дар хобатон ҳаловат ҳасту на дар хӯрдатон... Бино ба ин абёт надоштани хирад (дониш) низ сабаби бадбахтӣ будааст. Дуруст, агар инсон ба маънои густурдааш маърифате надошта бошад, бисёр хору залил ба сар мебарад...
Шоҳиди он гардидем, ки ошиқони садаи бисту бисту як бо абёти шоири вуқӯъгӯ рози дил ифшо кардаанд. Аз ҷумла, бо ин байти ӯ:
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод.
Фикр мекунам, яке аз хидматҳои бузурги шоири бузург дар он буд, ки агар дар он аҳд Исмоили Сомонӣ барои истиқлоли давлатӣ талош варзида комёб шуда бошад, ӯ ва ҳамасронаш умре барои истиқлоли забони модарии мо мубориза бурдаанд. Ва имрӯз ин забон ба мардуми Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва кулли форсигӯёни дунё хидмат мекунад. То бод чунин бодо!
А. СУБҲОНОВ.