Гулназар яке аз тавонотарин ва барӯмандтарин шоирони тоҷик аст. Дар тӯли чанд соли охир ба марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ расид.
Вай ба ин зинаи барои ҳар эҷодкори асил хушоянд тадриҷан ва ба шарофати омӯзиши пайваста ва заҳмати ҳамарӯза ва «бидуни таътил» дар тӯли солҳои зиёде по ниҳод.
Намунаҳои нахустини офаридаҳои ӯ, агарчи аз навиштаҷоти ҳамсафону ҳамдавронаш аз ҳар ҷиҳат бартарӣ доштанд, ғолибан таҳти таъсири шеърҳои Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва дигарон гуфта шудаанд. Дар онҳо ҳанӯз тасвиру маъниҳои тару тоза, таркибу таъбирҳои шоиронаи нав, байту бандҳои матбӯъ камтар ба назар мерасиданд. Гулназар он вақт дар гуфтани шеър ҳанӯз истиқлол наёфта буд ва бар баёну тасвир тасаллут надошт. Бо ин ҳама ӯ дар ҳамон даврони шогирдӣ ва машқи шеър карданҳояш низ мисраъ, байту банд, шеърҳои ҷудогона, тасвиру таркибҳои шоиронае эҷод намудааст, ки ҳунармандтарин шоирони он даврон аз доштани онҳо ор намекарданд.
Мисли:
Ба сони турнаҳои ломаконам –
Баҳори рафта меҷӯям ман имрӯз.
(«Расми сарбозӣ»).
Ва:
Баҳри пирони ҷаҳондидаи деҳи хурдам
Аз сари чашма ба чашм об ҳамеовардам.
(«Дасторхон»).
Ва:
Ситора дар баёзи осмонҳо
Чу байти бевафоӣ сӯзадам боз.
(«Нардбон»).
Ва:
Зи қабристон наояд боз одам,
Зи қабристон биёяд боз тобут.
(«Ағба»).
Шеърҳои «Лаълии пур аз неъмат» («Расми сарбозӣ», 1969), «Ба рӯйи тахтасанги соҳили рӯд» («Дастархон», 1972), «Рӯйи гулбарги тару себаргаи боғ» ва «Бачча будам» («Нардбон», 1978) ва чанд дубайтиву рубоиҳои нағз дар китоби «Ағба» (1978) метавонистанд маҷмӯаи осори ҳар шоири номдори замонро зеб диҳанд.
Истиқлоли шоирӣ ва тасаллут бар унсурҳои ҳунари адабӣ ба Гулназар аз охири солҳои 70-ум ва ибтидои 80-уми асри ХХ дар китобҳои «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Паи дарё» (1987) ва «Чашми нигин» (1988) муяссар гардид. Дар ин давра баёни шоир мушаххас, шевотар, гӯётар, гиротар ва лангардортар гардида, паҳно ва вусъат пайдо мекунад. Машқҳои ӯ дар гуфтани шеъри рӯз барор мегирад. Таҷрибаҳои ӯ дар гуфтани навъҳои шеъри суннатӣ, аз қабили ғазалу рубоӣ самар меоваранд. Шумори шеърҳои нағзаш оҳиста-оҳиста бештар гардиданд. Зимнан, Гулназар дар шеъри муосири тоҷикӣ пас аз Лоиқ дувумин нафарест, ки дар гуфтани ғазалу рубоию дубайтӣ тавфиқ ёфтааст. Чанд мисол:
Чу бинам Каҳкашону гарди коҳаш,
Зи нав ман баччагиро мекунам ёд,
Ки байни деҳу хирманҷо замоне
Мисоли барги коҳе рафт барбод.
(«Паҳно»).
Ва:
Ҳама даври замон дар «Шашмақом» аст,
Ҷаҳони тоҷикон дар «Шашмақом» аст.
Магир осон баму зери намояш,
Замину осмон дар «Шашмақом» аст.
(«Паҳно»).
Ва:
Баҳори зиндагӣ ҳаргиз намирад,
Диёри кӯдакӣ ҳаргиз намирад.
Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,
Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.
(«Паҳно»).
Махсусияти ғазалиёти Гулназар баҳси хоссаеро тақозо дорад. Ҳоло гуфтан кифоя аст, ки сабки офаринишии ӯ дар ғазал аз дигар шоирони ғазалсаро фарқ мекунад.
Камолоти шоирии Гулназар ба солҳои 90-уми асри ХХ ва оғози қарни ХХI рост меояд. Дар ин бора китобҳои ӯ «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002) ва «Фасли оғоз» (2005) шаҳодат медиҳанд.
Гулназар дар шеъру шоирӣ ба сарҳаде расид, ки ба гуфтани шеър дар ҳамаи сабку равиш ва навъҳои адабӣ тавону салиқаашро намоиш дод. Хусусияти тозаи ин марҳала дар эҷодиёти шоир он аст, ки ӯ ба гуфтани шеъри тасвирӣ (ҳисомезӣ) таваҷҷуҳи зиёде зоҳир намуд. Дастовардҳои ӯ дар ин замина назаррасанд. Ӯ дар ин ҷода пайравон ҳам дорад, монанди Доро Наҷот, Ховар, Сурӯш ва дигарон.
Мутолиаи навиштаҳои Гулназар дар тӯли беш аз чиҳил сол (шеърҳои нахустинаш таърихи 1963-ро доранд) нишон медиҳад, ки ин шоир тамоми умри хешро дар шоирӣ сарфи ҷустуҷӯёи сабку равия, воситаҳои тасвири муносиб барои гуфтани шеъри нағзи дархӯри даврони хеш намудааст. Вай қолабҳои шеъри муосир, шеъри нав, шеъри суннатӣ (ғазалу рубоиву дубайтиву қитъа, таркиббанду тарҷеъбанд, мустазод), хусравониҳо, шеъри тасвирӣ, шеъри кӯдакро имтиҳон кардааст ва дар ҳамаи онҳо намунаҳои хубе гуфтааст.
Соли 1991 ба шарофати ҷашни шоири бузург Хоҷӯи Кирмонӣ дар Кирмон дар оташхонаи зардуштиён нигаҳбони оташро дидам ва донистам, ки маҳз ба шарофати ин нигаҳбонон оташи муқаддаси Зардушт дар тӯли беш аз 2700 сол то замони мо фурӯзон боқӣ мондааст.
Дар асри ХХ оташи шеъри тоҷиконро устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ нигаҳбонӣ мекарданд. Дертар рисолати нигаҳбонии оташ, аз ҷумла, ба зиммаи Гулназар афтод. Ва ӯ ин рисолати адабӣ ва миллии худро бо сарбаландӣ иҷро кард.
Абдунабӣ Сатторзода,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.
***
ДАРДОШНО
Дарди ҷони ман бароят ошност,
Шоири дардошноям, Гулназар.
Дар раҳи пурпечутоби шоирӣ,
Чун чароғе раҳнамоям, Гулназар.
Шоири бо дарди миллат ошно,
Он қадар инсони поку беғашӣ.
Сурате бас орзуҳои дилат,
Шоирона рӯйи дафтар мекашӣ.
Он қадар фарёдҳо дорӣ ба дил,
Лек ҳар дам лаб ба дандон мегазӣ.
Баҳри таскини дили пурдарди хеш,
Доруи талху фаровон мемазӣ.
Бар гаронгӯше нагӯӣ шикваҳо,
Дарди ҷонатро барӣ бар гӯши шеър.
Баски дунё бевафоӣ мекунад,
Боз худро афканӣ оғӯши шеър.
Нури Ҳақ чун рӯйи ту афтодааст,
Қуввати растан бидеҳ бар хомаам.
Шоиро, дарси муҳаббат деҳ маро,
Афганам то ҳарзаву ҳангомаам.
Ҷуръатам деҳ, то ба дунёи дилам,
Бо нигоҳи ақли худ созам назар.
Хасми ҷони худ шавам дар шоирӣ,
Шеър гӯям то шабеҳи Гулназар.
Шаҳрияи Аҳтамзод