Дар самти ғарбии доманакӯҳи деҳаи Қалъача, ки мардум ин мавзеъро «Маллагӣ» меноманд ва ба Ҷавпая аз ҳамин роҳ мераванд, сехи тайёркунии ашёи хом барои бинокорӣ ба кор даромад. Дар ин сех травертин ҳамчун ашёи хом коркард мешавад.
Травертин як навъи сангест, ки дар натиҷаи бориши карбонати калсий аз барфҳои оҳаксанг, чашмаҳои минералӣ, алалхусус аз чашмаҳои гарм ҳосил мегардад ва аз қадим ҳамчун масолеҳи бинокорӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Боиси хушнудист, ки агар ин ашёи хом баъди коркард ба фурӯш барояд, дар рушди иқтисодии ноҳия нақши муҳим пайдо мекунад. Дар ин мавзеъ захираи оҳаксанг бисёр аст. Пештар дар атрофи он оби шӯр ҳам ҷорӣ мешуд. Ҳоло бошад, миқдори ками ин оби шӯр баҳорон пайдо мешавад ва мардум барои табобати касалиҳои пӯст истифода мебаранд ва он об бо номи «оби шӯрбулоқ» машҳур аст.
Алҳол истеҳсоли ашёи хом ба роҳ монда шудааст.
Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
ноҳияи СӮХ.