Маркази малакаҳои касбӣ – маскани касбҳои замонавӣ

Дар вилояти Фарғона барои тайёр кардани ҷавонон ба касбу ҳунарҳои замонавӣ пеш шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аллакай чанд сол муқаддам дар маркази маъмурии вилоят Маркази таълимии KOICA сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Дар он ҷавонон доир ба фанҳои гуногун, мисли электроника, хидматрасонии автомобилҳо, технологияҳои иттилоотӣ, косметология, дӯзандагӣ ва амсоли онро аз устодони бомаҳорат ёд мегиранд.

Таъсиси Маркази таълими касбии Фарғона тибқи қарори Девони Вазирон дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) амалӣ карда шудааст. Тибқи лоиҳаи мазкур дар ин марказ беш аз 240 нафар ҷавонон ба омӯхтани касбҳои замонавӣ машғул мешаванд.

Чунин марказҳои касбомӯзӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Шаҳрисабз, Самарқанд ва соири вилоятҳои дигари кишвар фаъолият мекунанд ва ҳазорҳо ҷавонон баъди касбомӯзӣ дар ҷодаҳои гуногуни истеҳсолот машғули кор мебошанд.

Гузашта аз ин, бо ибтикор ва ширкати бевоситаи Сарвари давлат дар Фарғона омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муротова кушода шудааст. Вай тамоми умри худро ба соҳаи кишоварзӣ ва рушду нумӯъи он бахшидаву ба муваффақияту эҳтироми калон ноил гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ин муассисаи таълимӣ бо мақсади ба ҷавонон омӯхтани таҷрибаи бой ва тарбияи кадрҳои звенои миёна дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода шуд. Таълимгоҳи касбӣ барои 480 ҷой пешбинӣ шуда, ба он баъди хатми синфи 9-ум қабул сурат мегирад. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ кадрҳо тайёр мекунад.

Дар мактаб омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои донишомӯзон дар асоси «Таҷрибаи Олмон» ҷорӣ гардидааст. Бо мақсади сифатан баланд ташкил намудани раванди таълим ва расондани ёрии методӣ ин таълимгоҳ ба Донишгоҳи давлатии Фарғона вобаста карда шудааст. 

Маркази таълимии касбу ҳунари инноватсионии назди Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи механикаи Қӯқанд» бо фаъолияти пурмаҳсули худ дар вилоят ном баровардааст. Маркази инноватсионии касбию техникӣ дар тарбияи касбии ҷавонон аҳамияти калон касб намудааст.

Марказ тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис дода шуда, барои ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ дар асоси равишҳои нав мусоидат менамояд. Ҷавонони зиёд касбҳои металлкорӣ, кафшергарӣ, васлкунии барқ ва амсоли онро бо шавқу рағбати том меомӯзанд.

Дар доираи лоиҳаи таъсиси маркази таълимӣ бо арзиши умумии 2,5 миллиард сӯм маҷмӯаҳои идоракунии рақамии дар кишварҳои Аврупо эътирофшуда корбаст мегарданд, ки бо лабораторияи таълимӣ ва тренажёрҳои истеҳсоли Русия муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ногуфта намонад, ки ҳанӯз дар кишвар як қишри сафи бекоронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ҳамин аз тарафи давлат барои тайёр кардани кадрҳои бомаҳорати касбӣ ва ба ин васила бо шуғл таъмин намудани онҳо тамоми чораҳои ҷиддӣ пиёда мегарданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: