Дар толори намоишгоҳи марказии Академияи бадеии Ӯзбекистон нахустин бор намоиши осори рассомони ҷавони Қароқалпоқистон ташкил гардид.
Дар он намунаи эҷодиёти аъзоёни Академияи бадеӣ ва Regeneration Art Gallery, Иттиҳоди эҷодкорони бадеӣ, иштирокчии лоиҳаҳои байналмилалӣ Бахтиёр Серекеев, Темур Шердемов, Саломат Бобоҷонов, Наврӯз Аутмуродов пешкаш карда шуд.
Дар экспозитсия зиёда аз 300 намуди корҳои эҷодӣ, ки бо услуби нео экспрессионизм – ҳиссиёт ва озодии шакл, саргузашти шахсӣ офарида шудаанд, ҷой доранд.
Гуфтан мумкин аст, ки ба намоиш гузошта шудани корҳои эҷодкорон аз самтҳои нави санъати қароқалпоқ дарак медиҳад.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.