Ё худ таъсири ахбори воҳиманок ба рӯҳияти инсонҳо
Дар Сурхондарё писар модарашро бо табар бераҳмона кушт...
Хонандаи синфи нуҳум ба ҷони худ қасд кард...
Дар Хоразм хусур (падаршавҳар) келини худро корд зад...
Марди 22 сола ҳамсар ва писари худро сӯхта, ба як умр ҳабс шуд...
Дар Самарқанд марде се нафар фарзанди ноболиғи худро кушт...
Вақте вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешавем ва дар фазои пур аз ахбору маълумоти «рангоранг» сайр мекунем, чунин хабарҳо низ ба чашм мерасанд. Гоҳо аз хондани сарлавҳа ва тафсилоти воқеаҳо дар бадан мурғак медамад ва беихтиёр кас ангушти ҳайрату таассуф мегазад.
Воқеан, имрӯз дар Интернет веб-сайтҳои хабарӣ хеле зиёданд ва аксари онҳо дар пайвандҳои дигари иҷтимоӣ, чун телеграм, фейсбук, инстаграм, ютуб низ саҳифаҳои худро доранд. Яке аз чунин пайвандҳо мессенҷери телеграм аст, ки ҳоло дар кишвар ба яке аз маъмултарин иловаҳо табдил ёфтааст ва аз рӯйи теъдоди истифодабарандагон низ пешсаф мебошад. Аз ин рӯ, аксар веб-сайтҳои иттилоотии кишварамон дар ин пайванд низ кори худро пеш мебаранд.
Вақте вориди канал ва гурӯҳҳои ин веб-сайтҳо, аз ҷумла Kun.uz, Qalampir.uz, Xabar.uz, NUZ.UZ ва монанди ин мешавед, хоҳу нохоҳ бо матолиб ва ахбори дорои характери таҷовуз, худкушӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, сӯиқасд ва ғайра рӯ ба рӯ меоед. Масъулони саҳифаҳо сарлавҳаҳоро низ чунин «ҷолиб», «назаррабо» ва «пурмӯҳтаво» мегузоранд, ки бевосита хонандагонро барои хондан водор менамояд. Ва бо сад «шавқу рағбат» вориди саҳифа гардида, онро мехонанд. Саволи барҳақ ба миён меояд: мақсад аз гузоштани чунин матолиб ва ахбори манфӣ чист? Чаро шабакаҳои иттилоотӣ бештар чунин хабарҳоро, ки дар пай хатар доранд, мегузоранд? Оё бо гузоштани сарлавҳаҳои воҳиманок ба ягон мақсад мерасанд?
– Мо дар асри технологияҳои ахборӣ умр ба сар мебарем, – иброз дошт мухбири рӯзномаи «Пайариқ ҳаёти»-и ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд Ширинбой Мамадалиев. – Ба он чизе, ки дирӯз афсонае беш набуд, имрӯз дастрасӣ дорем. Бо як сухан ҳоло ҳама чиз суръат гирифтааст. Ҳатто гузашти умр ҳам. Гоҳо чӣ гуна сипарӣ шудани рӯзҳоро пай намебарем. Дар чунин замон, ки ҷамъият босуръат пеш меравад, дар ҳайрат гузоштани инсонҳо низ корест мушкил. Вақте бо ягон амал, рафтор ва ё кор одамонро ба ҳайрат мегузоред, метавонед диққати онҳоро ба худ нигаронида, дар атрофатон ҷамъ кунед. Мақсади аксар веб-сайтҳои ахборӣ маҳз ҳамин аст. Мехоҳанд бо роҳе одамонро дар тааҷҷуб гузоранд, моту мабҳут намоянд ва ба ин васила теъдоди муштариёнро зиёд карда, дар фазои маҷозӣ доираи фарогирии худро васеътар созанд. Ин ҳама барои афзудани даромади онҳо хидмат мекунад. Маҳз барои ҳамин мекӯшанд сарлавҳаҳои ҷалбкунандаву шавқовар ва дар навбати худ воҳиманок гузоранд. То хонанда бо хондани сарлавҳа ба идомаи он мароқ зоҳир кунад. Мутаассифона, эътибор ва шавқи мардуми мо, бахусус, ҷавонон, ки корбарони асосии шабака ва пайвандҳои иҷтимоӣ ҳастанд, ба чунин ахбор зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Анҷумани байналмилалии пешгирӣ аз худкушӣ ҳамасола 700 ҳазор сокини сайёра даст ба худкушӣ мезанад. Дар ҳар 40 сония як нафар ба худкушӣ даст мезанад ва 77 фоизи ин ҳодисаҳо дар кишварҳое рӯй медиҳанд, ки даромади миёнаву поин доранд. Сад афсӯс, ки ин амали номатлуб яке аз се сабаби асосии марг дар байни ҷавонони синни 15 то 29-сола мебошад.
Бояд гуфт, ки маҳз бо ташаббуси анҷумани мазкур бо мақсади боло бурдани сатҳи хабардории аҳолӣ аз ин мушкил ҳамасола 10 сентябр чун Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ гузаронида мешавад. Новобаста аз ин саъю ҳаракат ва талошҳои пайваста теъдоди қасд ба ҷон, худкушӣ, таҷовуз ба номус ва авбошиҳо меафзоянд. Ҳамзамон, дар шабакаҳо матолибу хабарҳое, ки дорои чунин мазмунанд, зиёд мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки ин гуна матолиб ба рӯҳияи инсонҳо – муштариёни каналу гурӯҳҳо низ бетаъсир намемонад.
– Чунин хабар ва маълумотҳо ба рӯҳияи инсон ду хел таъсир мерасонад, – гуфт равоншинос, омӯзгори кафедраи психологияи Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия Розия Намозова. – Ин таъсирҳо метавонанд мусбат ва манфӣ бошанд. Дар ин маврид масъалаи таъмини бехатарии психологии ҷавонон, ки ахборро қабул мекунанд, аҳамияти калон дорад. Онҳо ба ҳама гуна маълумот ва иттилоот бояд бошуурона муносибат кунанд, на аз дидгоҳи ҳиссӣ, яъне эмотсионалӣ. Моро зарур аст, ки ба онҳо чунин тарзи муносибатро омӯзем.
Хуб медонем, ки Интернет манбаи беохири маълумоту иттилоот аст ва он сарҳад надорад. Бино ба маълумот ҳар дақиқа дар Интернет 600 сомонаи нав созмон меёбад. Дар ин шабакаҳои гуногун ҳамарӯза миллионҳо маълумот ва матолиби нав гузошта мешавад. Барои ҳифзи шуури ҷавонон аз таъсири манфии чунин маълумот мо бояд ба ҷавонон масъалаи бехатарии психологии ахборро амиқтар омӯзем. Барои ин пеш аз ҳама аҳли оила, яъне пайвандону дӯстон ва баъд масъулони муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд.
Вақте сухан дар мавриди дар шабакаҳо гузоштани ахбори дорои мазмуни худкушӣ, қотилӣ, таҷовуз ба номус ва монанди инҳо меравад, бояд гуфт, ки чунин хабарҳо аз як тараф одамонро ба ҳушёрӣ даъват намоянд, аз тарафи дигар барои шахсоне, ки ба ҷиноят майл доранд, баъзан вазифаи «дастуруламал»-ро иҷро мекунад. Ғайр аз ин, дар одамоне, ки аз лиҳози рӯҳӣ хастаанд ва дар ҳолати депрессионӣ қарор доранд, боиси рушди синдроми баъдиҷароҳатӣ (посттравматикӣ) мешавад. Яъне одам агар дар ҳаёт ҷароҳати калони рӯҳӣ бигирад, хотираҳои бад ӯро азият медиҳанд ва ҳамеша бо хавотиру тарс умр ба сар мебарад, ки боз чунин ҳол такрор нашавад.
Аз ин рӯ, мо бояд телефонҳои фарзандонамонро мунтазам аз назар гузаронем, то донем, ки онҳо чӣ гуна гурӯҳ ва шабакаҳоро пайгирӣ мекунанд, бо чӣ гуна одамон дар мулоқотанд, дар телефонашон чӣ гуна навор ва маълумотро нигоҳ медоранд, чӣ гуна хабарҳоро мехонанд.
Ҳоло дар мессенҷери телеграм ва дигар пайвандҳо баробари канал ва гурӯҳҳои расмии веб-сайтҳо, шабакаву гурӯҳҳои ғайрирасмии шахсӣ низ бисёранд. Ҳар як гурӯҳу канал самтҳои фаъолият ва доираи муайяни хонандагони худро доранд. Масалан, каналҳои «Qoraxabar» 976289 нафар, «QORA VIDEO-LAR» 771446 нафар, «Daxshatli tarix» 10166 нафар хонанда доранд. Худ аз номи каналҳо самтҳои фаъолияти онҳо аён аст.
Масалан, дар телеграм чандин каналу гурӯҳҳо ва ҳатто ботҳои махсус таҳти унвони «Qoraxabar» кор мебаранд, ки асосан хабару наворҳои мудҳиш, воҳиманокро паҳн мекунад. Дар саҳифаи асосии яке аз ин каналҳо, ки калонтарин аст, «Барои калонсолон! Воқеаҳои муҳими Ӯзбекистон ва ҷа-ҳон, ахбори нав ва махфӣ» навишта шудааст. Вақте хонанда ин навиштаҷотро мехонад, хоҳ ҷавон бошаду хоҳ калонсол, барои пайгирии «хабарҳои махфӣ» мароқ зоҳир мекунад ва зуд ба канал мепайвандад.
Ин канал қариб 1 миллион корбар дорад. Яъне ҳар як матолиберо, ки дар канал гузошта мешавад, садҳо ҳазор муштариён пайгирӣ мекунанд. Ҳамзамон онҳо баъзе хабарҳои «тару тоза»-ро ба дӯстону пайвандони худ мефиристанд ва доираи фарогирии ахбор боз бештар мегардад. Тасаввур кунед, ки як хабари дорои характери салбӣ, фарз кардем дар мавзӯи қасд ба ҷон, ё худкушӣ ба рӯҳияи чанд нафар инсон таъсир мерасонад? Шуури чӣ қадар одамонро заҳролуд ё кайфияташонро вайрон месозад? Ва кӣ кафолат медиҳад, ки чунин маълумоту хабарҳо барои зиёд шудани ин қабил амалҳои номатлуб сабаб намешаванд?
Бояд гуфт, ки ҳоло дар байни мардуми мо маданияти истифода аз интернет дар сатҳи бояду шояд ташаккул наёфтааст. Аз ин рӯ, аксар ҷавонони мо ба дарёи беохир, бесарҳад, пурталотум ва ба маъное беназорати шабакаҳои иҷтимоӣ ғӯтавар шуда, роҳгум мезананд.
Моро зарур аст, ки дар ин маврид бонги изтироб занем, то ташкилотҳои мутасаддӣ ва масъулон чораҳои зарурӣ андешанд. Меъёрҳои ташкили канал, гурӯҳ ва саҳифаҳо дар шабака ва пайвандҳои гуногуни иҷтимоӣ, самтҳои пешбурди фаъолияти онҳо муқаррар гарданд. Дар ин самт маданияти шаҳрвандонро баланд бардошта, корҳои таблиғотию тарғиботиро дар байни ҷомеа пурзӯр намоянд.
Фикр мекунам, маҳз бо ҳамин роҳ метавонем шуури насли наврасро аз таъсири ғояҳои бегона ҳифз намоем, дар байни онҳо одатҳои номатлуб – худкушӣ, авбошӣ, ҷинояткорӣ, қотилӣ ва бадтар аз ҳама таҷовуз ба номусро пешгирӣ кунем. Ба наврасон фарқ кардани ахбору матолиби сараву сақатро омӯзем.
Иҷрои чунин чорабиниҳои судманд бошад, моро метавонад ҷониби ҳадафи асосӣ – ташаккули ҷамъияти озоду ободу осоишта, тарбияи авлоди солим ва гузоштани пойдевори мустаҳками Ӯзбекистони Нав чанд қадам пеш барад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».