Базми ишқу ҳусни ёр!

Тақозои тақдир фаъолияти эҷодии баъзеҳо, ҳарчанд худ зодаи як кишваранд, дар дигар минтақаҳо сурат мегирад. Зиндагиномаи Шоистаи Равшан ин гуфтаро собит менамояд.

Аз он, ки Шоиста ҳамкориро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ба тозагӣ шурӯъ намудааст, тасмим гирифтем, порае аз асари нави ӯро зери рукни «Номҳои нав» ба дасти чоп супорем.

Шоиста 15 декабри соли 1961 дар деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё ба дунё омадааст. Соли 1982, баъди хатми факултаи таъриху педагогикаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз фанҳои фалсафа, равоншиносӣ, ахлоқ ва зебоишиносӣ ба донишҷӯён сабақ додааст.

Шоистаи Равшан муаллифи беш аз 50 асари илмӣ ва бадеӣ мебошад. Китобҳояш таҳти номҳои «Муҳраҳои андеша», «Оғозе, ки анҷом надорад», «Меваи маърифат», «Базми ишқу ҳусни ёр», «Дона-дона марворид», «Элдос», «Бозгашт ба ишқ», «Какой искус, какой соблазнь храни Аллах» (рубоиёт ба забони русӣ) дар солҳои мухталиф рӯйи чопро дидаанд.

Шоиста роҳбарии гурӯҳи эҷодкорони ташаббускор – «Аржанг»-ро бар ӯҳда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ ба ин гурӯҳ чанд маҷмӯаи байналмиллӣ, аз ҷумла «Мазаика» (қисмҳои 1, 2,3), «Колыбель любви» («Гаҳвораи ишқ») чоп шудаанд. Рӯзҳои наздик маҷмӯае таҳти номи «Женщины –  цветы мира» («Занҳо гулҳои ҷаҳонанд») рӯйи чопро хоҳад дид.

Инак, порае аз китоби Шоистаи Равшан – «Базми ишқу ҳусни ёр» барои баҳрабардорӣ ба хонандагони рӯзнома пешниҳод мегардад.

     

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

 

 

Базми ишқу ҳусни ёр!

 

Ду чашми ёр аз хушҳолӣ ба мисли оташ барқ мезад. Ранги гавҳараки чашмонаш чунон сиёҳи ҷилодор буданд, мисли олуи сиёҳ. Хосса, ин ду чашми ёр бештар шабеҳи хуршеди гарми ҷаҳонро ба хотир меоварданд, ки бо тобишу дурахши худ зарра-зарра меҳри ботинии худро ба атроф нурафканӣ менамуданд. Аз ин гармиву оташафкании чашмони ёри азиз ман мафтуну мутаҳаййир гаштам. Чунин ҷалолу ҷамоли ҳусни илоҳиро то ба ҳол дар ҳеч куҷои олам мушоҳида накарда будам. Қалб масаррат пайдо кард. Дунё ҷилои тоза ба худ гирифт. Садои мусиқии кайҳонӣ ба атроф паҳн гардид. Имрӯзи худро аз ин сабаб таҷлили базми ҳусни ёр хондам. Орзу ва таманно дорам, ки ба Шумо низ чунин як базми хосе ишқӣ муяссар гардад.

Абранҷини тиллоӣ ба даст чун зиннати ишқ бибандед ба ифтихори тантанаи ишқи сазовор, пироҳани парниёни абрешимӣ бар тан намоед! Зеро авзои гардуни ишқ ҳолати пирӯзӣ пайдо карда ва сулҳу салоҳи аҳду вафо ба даст омадааст!

 

Тулӯъ ва дурахши ишқ

 

Агар Лайлӣ дар самимияту отифа беҳамто набудӣ, ҳеч гоҳ мавриди таваҷҷуҳи ишқи сӯзони Маҷнун қарор намегирифт.

***

Эй Худованди кариму раҳим! Чаро тухми инсониро дар замини зиндагӣ бо ишқ мекориву дар чидани ҳосили умри ӯ мешитобӣ.

***

Ишқ бузургтарин имкони изҳори сифату фазилатҳои Худост. Чун дар арсаи амали ошиқон вафо ва садоқат онҳоро то манзили мурод роҳнамоӣ мекунад. Аҳд бастан ва бо садоқат ва матонат аз он ҷовидона пайгирӣ намудан орзуи Парвардигор аст.

***

Парандагони муҳаббат болои сари ошиқон чарх мезананд ва гӯшрас мекунанд, ки ишқ кори осон нест. Бояд болу пари қавии умед пайдо кард, то дар осмони озоди орзу парвози баланд бикунӣ.

***

Нахуст косаи дил аз ишқи воқеӣ лабрез шуд, пасон чашми ҳикмат боз гардид.

***

Макони дил чаманистони ишқ аст. Камолоти рӯҳ тақвияти тавоноист. Рушди ақл андешаи ҷовидона зистан дар ин макон ва тавассути нерӯи истеъдод таъмин намудани саодати худу дигарон аст.

***

Агар дар роҳи ишқ иштибоҳҳои сахт набуданд, ҳеч гоҳ кошонаи зебоиро ба даст намедаровардем.

***

Вақте ёри сазовору дилхоҳ сӯйи чаманистони дил бишитобад, гардиши гардун суръати зиёд пайдо намояду хоки роҳи ошиқон гулпӯш гардад.

***

Аз майдони кишти дил, эй ёр, боре гузар бинамо. То хоки ташнаи пазмонӣ шодобу ҳосили донаи умед фаровон гардад.

***

Ошиқони асил ҷовидона ҳамқадам, ҳамдил, ҳамрозу ҳамдам, ҳаммаслак ва ҳамсадои таронаи дили ҳамдигаранд!

***

Ошиқе, ки ба хотири ишқ назди муҷассамаи покӣ ва адолати вафо истиқрор мекунад, воқеъан, қаҳрамони достони муҳаббат аст. Ҳадафи ӯ нишонрас ва умедбахш хоҳад буд.

***

Марав аз назди мо, эй хуршеди меҳр, ки бо рафтани ту ишқ ҳам аз байн меравад. Бидуни меҳру ишқ зиндагӣ сарду холист.

***

Ишқ роҳбари дил шуду ақл ғуломи ӯ.

***

Шамъ ба ёди ишқ зарра-зарра сӯхта адо мегардад. Парвона дар ин асно ҷисми худ ба оташ зада, фано мегардад.

***

Тамоми хароботи олам аз беишқист. Дил аз эҳсоси ишқ лабрез созем, то имкони зист дар рӯйи Замин фароҳам ояд.

***

Ман имрӯз савори мавҷҳои шоди дарёи орзу ҳастам. Чун ба истиқболи ту ба сӯйи соҳили мурод ҷаҳд мекунам!

***

Имрӯз баҳри сохтани кохи ишқ бикӯш, то дар утоқи тангу тор танҳо намонӣ.

***

Хонаи ишқро музайян намо, то аз ҷилои он дил мунаввар бисозӣ.

***

Ишқ вақте гирифтори ҳавою ҳавас гашт, дар иҳотаи қафаси бевафоӣ бимонад.

***

Агар ба рӯйи ту сад дар баста гардад, дари ишқ ҳамеша боз аст.

***

Моро, ки Парвардигор бо ишқ офарид, пас бо корҳои шоистаи худ бояд ба ризоияти Ӯ кӯшем.

***

Агар бори гарони зиндагиро худ кашидӣ, аз дари манзили ишқ бо сурур хоҳӣ даромад.

***

Ба меҳру муҳаббат арҷ бигузор, то қаҳр аз ту фирор намояд.

***

Баҳори ишқ зуд хазон гардад, агар дар саҳни он ниҳоли меҳр нанишонем.

***

Чашми ишқ кӯр нест, мо аз ноогаҳӣ онро захмӣ мекунем.

***

Рӯзи мавлудат муборак, эй он, ки аз ҳама чиз болотар ва арзишмандтар будӣ!

Шоистаи РАВШАН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: