Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба таҳлили корҳо ҷиҳати ҷамъоварии ҳосили пахта, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, иҷрои нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ ва содирот, инчунин корҳо дар доираи лоиҳаи умуммиллии “Макони сабз” дар минтақаҳо ҷамъомади васеъ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад суръати ҷамъоварии пахта дар қиёси минтақаҳо ва мушкилоти мавҷуд ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Имсол дар 875 ҳазор гектар майдон пунба кишт гардида, барои ҷамъоварии 3,7 миллион тонна ҳосил шартномаҳо имзо шудаанд. Барои ҷамъоварии ҳосил беш аз 900 мошин ҷалб гардида, ба фермерон сӯзишворӣ ва нуриҳои кимиёвӣ бо нархи арзонтар тақдим гардиданд.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе минтақаҳо ҳолати ба таъхир афтодани иҷрои нақша мушоҳида мешавад. Масалан, вилоятҳои Сурхондарё, Хоразм, Фарғона ва Андиҷон натиҷаҳо хуб нишон медиҳанд, вале дар Самарқанд, Сирдарё ва Навоӣ ҳолат қаноатбахш нест.
Президент супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҷойҳо штабҳои фавқулодда ташкил карда, барои ҷамъоварии босифати ҳосил чораҷӯӣ намоянд, масъалаҳоеро, ки фермеронро нигарон мекунанд, зуд ҳал кунанд. Ҳамчунин ба масъулон фармуд, ки пардохтҳо барои пахтаи ҷамъовардашуда сари вақт иҷро шаванд.
Дар ҷамъомад вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон низ баррасӣ шуд.
Дар саросари ҷумҳурӣ аз 640 мактаб ва боғчаҳо то ҳанӯз дар 125-тояш корҳои таъмирӣ ба анҷом нарасидааст. Аз 9,8 ҳазор биноҳои бисёрқабата қариб ҳазортояш омода нашудаанд. Таъмири дегхонаҳои вилоятҳои Ҷиззах ва Сурхондарё низ пурра анҷом наёфтааст.
Сарвари давлат зарурати дар байни ду ҳафта ҳал кардани ин масъалаҳо, омода намудани зеристгоҳҳо, шабакаҳои барқ ва обро ба мавсим таъкид кард.
Инчунин, то имрӯз ба аҳолӣ 55 ҳазор тонна ангишт, аз ҷумла ба 381 деҳаи дурдаст ва авулҳо 9 ҳазор тонна ангишти маҳаллӣ расонида шудааст. Супориш дода шуд, ки 27 ҳазор тонна ангишти боқимонда, ки дар анборҳо то ҳол тақсим нашудааст, ба аҳолӣ ва 330 ҳазор тонна гази моеъ барои мавсими тирамоҳу зимистон пурра ба истеъмолкунандагон расонида шавад. Таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба қатъшавии таъмини газ ва барқ, масъулон шахсан ҷавобгаранд.
Ҳангоми баррасии иҷрои барномаи “Макони сабз”, аз 137 миллион ниҳоли дар фасли баҳор шинонидашуда хушк гардидани 27,5 миллиони он танқид гардид. Сабаб – дар натиҷаи гарм шудани ногаҳонии ҳаво дар баҳору аввали тобистон, ниҳолҳои киштшуда аз нумӯъ бозмондаанд, барои обёрии онҳо 2-3 маротиба бештар аз меъёр об сарф мешавад.
Аз ин рӯ, зарурати зиёд кардани шинондани дарахтҳо дар мавсими тирамоҳ таъкид гардид. Дар мавсими тирамоҳи имсола шинонидани 125 миллион ниҳол ва бутта, дар баҳори соли оянда 75 миллион бех ба нақша гирифта шуд. Талаб гузошта шуд, ки дар маҳалҳое, ки система ва имкони обёрӣ вуҷуд надорад, ниҳол шинонида нашавад.
Суръат гирифтани равандҳои урбанизатсия, афзунсозии сатҳи сабзгардонӣ дар шаҳр ва марказҳои вилоятҳоро тақозо мекунад. Бо мақсади рушди шаҳрҳо дар асоси илмӣ тибқи стандартҳои “сабз”, муқаррар гардид, ки бо ҷалби олимон, урбанист ва экологҳо нақшаҳои мастерии “сабз” барои шаҳрҳои Тошканд, Нуқус, марказҳои тамоми вилоятҳо таҳия карда шавад.
Бино ба ҳолати анҷоми чоряки сеюми соли ҷорӣ ба 33,5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ, ки ба мамлакат ҷалб шудаанд, дар назар аст. Дар моҳҳои январ-август, ҳаҷми содирот 23 миллиард долларро ташкил карда, нисбат ба соли гузашта 31 фоиз афзудааст.
Аммо, афзоиши сармоягузорӣ дар тамоми минтақаҳо яксон нест. Дар баъзе вилоятҳо нишондиҳандаҳои содирот поин рафтаанд. Президент дар назди масъулон талаб гузошт, ки то поёни сол 7,3 миллиард доллар содироти иловагиро таъмин намоянд, доир ба ҷалби сармояҳо ва пайдо кардани бозорҳои нав чораҳои амиқ андешанд.
Роҳандозии ҳамкорӣ бо иёлатҳои ИМА муайян гардид. Ҳар як вилоят бояд бо иёлати муайяни Амрико ҳамкорӣ барқарор карда, ба густариши робитаҳои мустақими соҳибкорони маҳаллӣ ва шарикони хориҷӣ мусоидат намояд.
Дар поёни ҷамъомад Президент аз рӯйи иҷрои саривақтӣ ва пурраи вазифаҳо, ки дар тамоми соҳаҳо муайян гардиданд, супоришҳо дод.