Духтари Мавлоно ва Фурӯғи Тоҷикистон

Чанде қабл шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ дар фарҳангсарои Ниёварони пойтахти Эрон – Теҳрон баргузор шуда буд. Он чӣ гуна гузашт?

Аҳли сухан гуфтанд, ки Фарзона ифтихори Тоҷикистон ва шеъраш ҳуҷҷати шоистагии шеъри тоҷик дар қаламрави шеъри форсигӯён аст.

Ин ҷашни фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи 884-умин шаби маҷаллаи машҳури «Бухоро» бо ташаббуси Алӣ Деҳбошӣ ва бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Чорабинии адабию фарҳангӣ шахсиятҳои барҷастаи сиёсат, адабиёт ва фарҳанги ду кишварро гирди ҳам овард. Доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ, шоир, пажӯҳишгар ва яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосири Эрон ҳамчун меҳмони вежаи ин шаб ҳузур дошт.

Низомиддин Зоҳидӣ – сафири Тоҷикистон дар Эрон, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ – сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон, Муҳсини Ҷаводӣ, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, Муҳсини Фараҳбар, пажӯҳишгари шинохтаи эронӣ, Толиб Карими Озарахш – Шоири халқии Тоҷикистон ва ҳамсари Фарзона ва ҷамъе аз шоирони номдор дар ин шаби эҷодӣ ширкат варзиданд.

«Фарзона – ифтихори тоҷикон ва ҳуҷҷати барозандагии  шеъри тоҷик»

Низомиддин Зоҳидӣ – сафири Тоҷикистон дар Эрон, бо такя ба қавли муҳаққиқон гуфт, ки Фарзонаи Хуҷандӣ бонуи шеъри Тоҷикистон, фарзонае аз Хуҷанд, духтари Мавлоно ва Фурӯғи Тоҷикистон аст. Ӯ афзуд: «Дар ҳамаи ин таърифҳо ишорае ба мазоё (афзалиятҳо)-и шеъри Фарзона ва ишорае ба фазоили ахлоқиву маънавии ин шахсияти воқеан фарзона нуҳуфтааст».

Сафир дар мавриди муҳити ба камол расидаи Фарзона ҳарф зада, аз гузаштаи аҷдоди ин шоир ёдовар шуд: «Ин хонадон дар тӯли 100 соли охир яке аз хонадони решадори Хуҷанди бостонӣ маҳсуб мешавад, ки аз он сиёсатмадорони маъруф ва аҳли илму адаб ва фарҳанги волои Тоҷикистон бархостаанд».

«Хонум Фарзона дар Тоҷикистон аз шоирони маҳбуб ва пурхонандаи тоҷик мебошанд ва дар Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон ҳам аз маҳбубияти вижа бархурдор ҳастанд. Худованд ба эшон нубуғи зотӣ ва худододӣ додааст. Номи Фарзона имрӯз боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон ва шеъри Фарзона ҳуҷҷати барозандагии шеъри тоҷик дар қаламрави шеъри форсизабон аст», – гуфт Низомиддин Зоҳидӣ.

Ӯ дар мавриди китоби осори мансури Фарзона бо номи «Қанди баста» ҳарф зада, таъкид кард, ки «насрашон идомаи шеърашон аст ва шеърашон идомаи насрашон».

«Суханаш сидқу сафо дорад ва аз умқи ҷон меҷӯшад»

Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар ин шаби эҷодӣ аз Фарзона васф карда, гуфт: «Ашъораш шунавандаро маҷзуб мекунад, бо итминон мегӯям, ки аз калом ва ашъораш пайдост, ки ҳамеша дилаш бо Худост, суханаш сидқу сафо дорад ва аз умқи ҷон меҷӯшад».

«Дилаш чун оинаи сайқалхӯрдаест, ки анвори илоҳӣ дар он тобида ва ба сурати калимот зоҳир шудааст», – гуфт ӯ дар идомаи сухан.

Ба қавли Шабистарӣ, ишқ ва ранҷи он, ба вижа ишқи ирфонӣ қисми барҷастаи осори Фарзона аст ва ин шоири муосир бештар аз шоирони классик илҳом гирифтааст.

Шабистарӣ бо таъкид бар ин, ки ҳеч шоири тоҷик натавонистааст дар Эрон девон дошта бошад, афзуд: ба ҷуз девони Лоҳутӣ, ки дар Эрон мунташир шуд, дигар шоирони тоҷик тавонистаанд осори худро ба табъ расонанд, аммо девони Фарзонаи Хуҷандӣ нахустин асарест, ки дар Эрон мунташир шудааст.

«Хонандаи Эрониро бештар бо Фарзона ошно мекунем»

Муҳсини Фараҳбар, пажӯҳишгари эронӣ, дар хусуси вижаномаи «Самарқанд» сухан ронда, гуфт: ғояи ин кор зимистони порсол дар зеҳнам равшан шуд, вақте хонум Фарзона барои мудово ба Эрон омад ва бо кумаки хоҳар, фарзандон ва дӯстони эшон ёддоштҳо, мақолаҳо, дилнома ва шеърҳоеро ба забони форсӣ баргардон ва чоп кардем.

Дар вижаномаи «Самарқанд» аз Абдураҳим Ҳоҷибоев – ҷадди Фарзона то модару хоҳару фарзандонаш, инчунин перомуни шахсият, зиндагинома ва корномаи ин шоири тавонои тоҷик маълумоти муфассал дода шудааст.

Фараҳбар таъкид кард: «Азбаски ҳамаи форсизабонон ба эшон алоқа доранд, мехостем хонандаи эрониро бо Фарзона бештар ошно кунем».

Дилномаи Фарзона

Фарзонаи Хуҷандӣ дар фарҷоми шаби эҷодӣ гуфт, боиси шодӣ аст, ки эрониҳо Тоҷикистонро дӯст доранд ва алоқаи онҳо ба табиат, мардуми шариф ва шаҳрҳои Тоҷикистон машҳуд аст.

Шумо имшаб бузургтарин ва нодиртарин ҳадяро ба мо додед ва он ҳам вақт аст. Аз вақт гаронбаҳотар чист, ки ба ҳам тақдим кунем? Инсонҳое, ки як умр худро ба дигарон бахшиданд, бузургтарин дороии худро тақдим карданд. Ҳеч чизе дар олам баробар бо вақт нест.

Фарзонаи Хуҷандӣ бо шеъри худ нишон дод, ки адабиёт сарҳад надорад ва дар ҳама ҷо дилҳои мардумро ба ҳам наздик месозад.

Меҳрофарин Наҷибӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: