Пахтакорони диловари ноҳияи Олот имсол дар 6850 гектар майдон пахта кашта, ният доранд, ки хирмани пахтаро аз 31 ҳазор тонна гузаронанд.
Бо ин мақсад ҷараёни пахтачинӣ дар ноҳия суръат мегирад.
Заршиносони хоҷагии фермерии «Рамзиддин Субҳонов»-и ҳудуди «Гулистон»-и ноҳия дар давоми 14 рӯзи ғунучини ҳосил ба марраи мурод расиданд. Онҳо аввали фасли баҳор дар 30 гектар майдон пахтаи навъи «Zoulin-88» корида, ҳосили фаровон рӯёнданд. Риояи қатъии тадбирҳои агротехникӣ, дар 18 гектар майдон татбиқ гардидани услуби обёрии «чакра», бе дрон сурат гирифтани ҷараёнҳои дефолиатсияю десикатсия боиси комёбӣ гардид.
Нақшаи солона бомуваффақият иҷро шуда, хирмани «тиллои сафед» аз 161 тонна гузашт. Ҳосилнокии майдонҳо ба 50 сентнерӣ рост омад. Қариб сад нафар чинакчӣ рӯзе 11 тоннагӣ ашёи хоми саноатӣ гирд оварда, онро ба қабулгоҳи корхонаи дархосткардаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Merganbek 3» фиристоданд. Дар саҳро ҳанӯз ҳосил бисёр аст. Пахтакорон ният доранд, ки то охири мавсим боз 30 тонна ҳосил ҷамъ оварда, ба корхонаи ҳамкор супоранд.
Деҳқонони асил ба ивази ин комёбӣ ба тарзи умумӣ 322 миллион сӯм даромад мегиранд.
Ҳокими ноҳия Наргиза Неъматова заршиносони ғолиб ва сарвари онҳо Суннатулло Субҳоновро бо комёбии меҳнатиашон муборакбод намуда, ба онҳо туҳфаҳо супурд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.