Дар ҳашт моҳ 1,9 миллион сайёҳони хориҷӣ ба Самарқанд омаданд

Бо ташаббус ва ҷонибдории Сарвари давлат Самарқанд ба маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил ёфта, сол то сол рушд меёбад.

Боиси хушнудист, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон 1,9 миллион меҳмонони хориҷӣ ва 3,8 миллион сайёҳони дохилӣ  ташриф фармуданд, ки нисбати соли гузашта 50 фоиз зиёд мебошад. Даромади соҳа 427 миллион доллари амрикоиро ташкил карда, давомнокии ташрифи сайёҳон ба 3-5 рӯз  афзуд.
Дар рӯйхати ташрифи меҳмонони хориҷӣ Тоҷикистон пешқадам аст. 
Имрӯзҳо барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстон ва саёҳату тиҷорат тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Дар Самарқанд барои истироҳату фароғати сайёҳони хориҷӣ 184 меҳмонхонаи  замонавӣ барои 20 ҳазор нафар, инчунин 468 меҳмонхонаи оилавӣ муҳайёст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: