Рушди хидматрасонии иҷтимоӣ – талаби замон

Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оиди фарохтар намудани хидматрасонии иҷтимоӣ ба шахсоне, ки муҳтоҷи парастории дигаронанд» аз 1 июни соли 2025 Барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» амал мекунад.

Ин барнома барои шахсоне, ки муҳтоҷи нигоҳубин, маълӯл ва танҳоянд, бо мақсади беҳтар намудани рӯзгор ва ҷалб кардани онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ хидмат мекунад. Дар доираи барнома 5 намуди  хидмати иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад, ки инҳоянд: дар шароити хона расондани кӯмаки иҷтимоию маишӣ, нигоҳубин дар шароити хона, реабилитатсияи тиббию иҷтимоӣ, нигоҳубин дар тӯли рӯз, хидматрасонии шахсии ёрирасон.
Имрӯз дар ҳашт шаҳру ноҳияи вилояти Бухоро дар асоси рафтуои рӯзона хидмати нигоҳубин созмон ёфта, аз он 71 нафар шаҳрванд истифода мебарад. Дар вилоят аз хидматҳои нав 1248 нафар шахсони муҳтоҷи парасторӣ, маъюб истифода мебаранд. Бинобар нақша, то охири сол ин нишондиҳанда ба 1975-то расонда мешавад.
Дар доираи барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» хидмати парасторӣ дар асоси рафтуои рӯзона дар ноҳияи Вобканд низ ба роҳ монда шуд (ин хидмат дар шаҳри Бухоро, ноҳияҳои Шофиркон, Қарокӯл, Рометан амал мекард). Ҳоло аз ин хидмат 11 нафар шахсоне, ки синнашон аз 18 боло асту муҳтоҷи парасториянд, шомили рӯйхати ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ гаштаанд, истифода мебаранд.
Дар доираи иҷрои барнома дар ноҳияи Қарокӯл дар асоси рафтуои рӯзона хидмати нигоҳубин фаъолият дорад. Ин хидмат дар маркази ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гуллар чеҳраси»-и  соҳибкор Гулчеҳра Шукурова арзи вуҷуд кардааст. Дар маросими кушодашавии он мутасаддиёни садорати вилоятии Агентии ҳимояи иҷтимоӣ, маркази «Инсон»-и ноҳия ва ҳокимияти ноҳия иштирок карданд. Ҳоло аз хидмати ин марказ 4 нафар шаҳрвандони солхӯрдаи маълӯл ва муҳтоҷи парасторӣ истифода мебаранд. Байни онҳо фарзанди Ирода Ҳамроева низ ҳаст. Ӯ 19 сол боз фарзанди маъюбашро парасторӣ кард. Баъди созмонёбии хидмати номбурда фарзанди ӯ низ он ҷо ҷалб гардид ва худаш ба кор таъмин шуд.
Хидмати рафтуои рӯзона (сатҳи худхидматрасонӣ) мувофиқи ҷадвалҳои Бартел ва Лаутон аз 0 то 62 холро ташкил карда, он ба шаҳрвандоне, ки синнашон аз 18 боло аст, дахл дорад. Ин хидмати иҷтимоӣ ҳафтае 5 рӯз (то 3 соат) сурат мегирад ва дар маҷмӯъ бояд аз як сол нагузарад. Дар доираи хидмат таъмин намудани бехатарии шаҳрванд, қонеъ гардондани эҳтиёҷи гигиении вай, мулоқот ва омӯхтани худхидматрасонӣ барин равияҳо дар назар дошта шудааст. Дар марказ, инчунин барои бачагони маълӯл хидмати нигоҳубини рӯзона ва реабилитатсия ташкил гардидааст. 
Бинобар нишондиҳандаи мақсадноки соли 2025 то моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ба роҳ мондани хидмати «Парастории рӯзона» ва бо ин роҳ ба хидматҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани 88 нафар бачагони маъюб ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло бобати дар 7 ноҳияву шаҳр ташкил кардани ин хидмат бо соҳибкорон шартнома имзо гардида, аз ҷумла дар 3-тои он 18 нафар бачагони 3-10 сола ҷалб шудааст. Инчунин дар хона-интернати барои бачагони маълӯли шаҳри Бухоро созмонёфта – «Мурувват» хидмати «Парастори рӯзона» ба роҳ монда шуда, ба он ҷо 33 нафар бачагон рафтуо доранд.
Дар доираи барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» ба қарибӣ дар ноҳияи Ғиждувон низ барои шаҳрвандони эҳтиёҷманд хидмати нигоҳубини рӯзона созмон ёфт. Ин хидмат бо ташаббуси соҳибкор Вилоят Ғуломова ба амал омада, он ҷо ба 13 нафар шахсони муҳтоҷи парасторӣ хидматҳои иҷтимоӣ-тиббӣ ва реабилитатсионӣ расонда мешавад. Он бо платформаи «Ҳамкори оила»-и низоми ахбори «Ҳимояи иҷтимоии миллии ягона» мувофиқ кунонида шуда, баҳри маҳдудсозии камбизоатӣ, таъмин намудани пойдории оила ва афзун гардондани фаъолии иқтисодӣ хидмат мекунад.
Ин хидматҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар мамлакати мо низоми хидматҳои иҷтимоӣ ба андозаи кофӣ рушд меёбад. Хусусан қулаиҳое, ки барои шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо фароҳам оварда шудааст, имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳаёти ҷамъият фаъолона иштирок намоянд.
А.АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: