Варзиш, бахусус футбол, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Имрӯз футбол дар кишвари мо рушд меёбад. Барои рушду равнақи варзиш дар Ӯзбекистон эътибори бештар дода, шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.
Зери тасарруфи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар шаҳри Навоӣ Академияи футбол таъсис дода шуд.
Академия дорои биноҳои таълимӣ, майдонҳои варзишӣ, толори варзиш ва хобгоҳҳои замонавӣ буда, метавонад дар як вақт 154 нафар варзишгарони ҷавонро қабул намояд. Биноҳои таълимӣ аз нав таъмир ва бунёд шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошанд.
Ҳокими вилоят ҳозиринро бо ифтитоҳи маҷмааи нав табрик гуфта, умед намуд, ки оянда дар ин ҷо футболбозони болаёқати дараҷаи ҷаҳонӣ тарбия мегиранд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.