ё худ танзими анъанаҳои миллӣ – тақозои замон!
Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба танзими анъанаҳои миллӣ, хосатан зери назорати қатъӣ гирифтани тӯй ва дигар гуна маросимҳо қарор қабул кард, ки эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар равона гардидааст. Зеро дар ҳар давру замон низ вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагӣ доранд. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тӯли фаъолияти дуру дарози таърихии худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва фарҳанг меноманд. Фаромӯш набояд кард, ки фарҳанг ифодагари рӯҳӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар як халқу миллат аст.
Оби шӯр ташнашикан нест
Баҳргарду киштиронҳо хуб медонанд, ки ҳангоми касофату шикаст аз ночорӣ ҳар чӣ қадар оби шӯри уқёнусро нӯшанд, ҳамон қадар ташна мемонанд. Таассуфовар, вале ҳақиқат, ки баъзе соҳибони тӯй ва дигар маросимҳо аз сабаби тақлидомезӣ шабеҳи он ташналабони гумроҳанд. Аммо чӣ ҷои руст кардан аст, бидуни муболиға дар маъракагузаронӣ Самарқанд пешқадам аст. Ана барои чӣ ҳофизони тошкандӣ барои хизмат сӯи Самарқанди қандманд метозанд.
Чанде пеш ба як маъракаи ҳамгузарӣ, ки дар тарабхонаи гаронбаҳо ба вуқӯъ пайваст, меҳмон шудем. Дар рӯи миз ғайр аз гӯшти сангпушту шири мор ҳама чизро устокорона қабат-қабат гузоштаанд, ки як гапи баднафс ба хотирам расид. Ӯ ба чунин маъракаи пур аз нозу неъмат омада гуфта будааст: «Оҳ, Худоё, ё ҷонама гир, ё шикамамро калон намо!».
Вақтҳои охир ғайр аз хӯрокворӣ дар як гӯшаи миз дар аквариум моҳии зиндаро мегузоштаанд, ки сабабашро ҳампаҳлӯи ман фаҳмонда натавонист. Фақат пешхизмат бепарво гуфт: «Амак ҳозир мода ҳамин хел!».
Дере нагузашта шоҳиди боз як «мода» – бо асп то дами базмгоҳ омадани домод шудем, ки ҳама аз ҳайрат ба якдигар нигаристем. Ана баъд ду нафар сухандонҳо тӯтивор ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ амр додаанд, ки аз ҷой хеста «шаҳаншоҳ ва вазир»-и ӯро рост истода, бо кафкӯбӣ пешвоз гирем. Сипас як-як ҳофизони номдор на танҳо аз Ӯзбекистон, инчунин аз Тоҷикистон ба саҳна баромада ҳунарнамоӣ кардаанд, ки ба ивази «сабз»-и амрикоӣ буд, албатта. Пешхизматчиён бошанд, бо иваз кардани табақчаҳои хӯрок банд буданд. Аз ҳисси кунҷковии касбӣ ба шумурдани таомҳо паржохтам – як, ду, се, чаҳор ва ниҳоят 8-ум кичирӣ! Вале аксарият табақчаҳои таомҳо бидуни чангаку чумча задан ба хонаи зарфшӯӣ ирсол мешуданд.
Аз ҳама аҷибаш он буд, ки шишаҳои дараҷадори гаронбаҳо ба қадаҳҳо тақсим шуда, «нерӯ ва каромат»-и сеҳрангези худро ошкор сохтанд: раққосаҳо аз шахсони сархуши ба Ҳотами Той табдилёфта сӯму долларро бо нозу карашма мисли чангкашак кашида мегирифтанд.
Ниҳоят маърака бо ба толор ворид шудани торти барқади одам ва рақсу валси арӯсу домод ба поён расид.
Аммо чунин исрофгарӣ, худситоӣ ба чӣ хотир буд, сабабашро дарк карда натавонистам. Бо ҳампаҳлуям ҳисобу китоби ба худ хос карда, хараҷот барои як курсии нишаст беш аз миллион сӯм шуданашро фаҳмидему халос.
Воизон дар хилват кори дигар мекунанд…
Дар мазмуни мисраи шоири ширинкалом Хоҷа Ҳофиз як олам маъно нуҳуфта. Ҳоло аз рӯи таҷриба ва мушоҳида гувоҳи он мешавем, ки худшиносӣ ва худогоҳии бархе аз масъулон, мансабдорон ва ҳатто диндорон дар сатҳи хеле пасти маънавӣ ва ахлоқӣ қарор дорад. Ҳайратангез аст, ки тавре шоир менависад «Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд». Дар Самарқанд борҳо шахсан мо шоҳиди он шудаем, ки маҳз шахсони масъул ба замона хос ва мос ба танзими анъанаҳои миллӣ мутобиқ рафтор намекунанд. Ҳатто баъзе пешвоёни дин – имом-хатибҳо, салла дар калла дар маъракаҳои пурдабдаба иштирок карда, ҳатто баъди нону рӯймолча, дар нӯги он «тугунча», яъне ҳаққи дуои хайр гирифта, «давлататон зиёда шавад» гӯён ҷуфтакро рост мезананд, ки мақоли «гуфтаи муллоро кун, аммо амалашро не» ба хотир мерасад.
Таъкид кардан лозим, ки дар Самарқанд тақлидкорӣ, хосатан «мусобиқаи» маъракагузаронӣ зери шиори «Ман аз фалонӣ кам не» дар авҷ аст. «Пул равад, обрӯ наравад!» Ана барои чӣ тӯйдорҳо бо қарзу гарав ҳам маърака ташкил мекунанд, ки ба онҳо раҳми одам меояд. Зеро баъди тӯй аҳли оила бо пардохти қарз машғул мешаванд. Бо ҳамин мақсад ба хориҷа сафар карда, чӣ гуна азобу машаққат мебинанд, Худо медонаду худи онҳо.
Рӯзе саҳарии барвақт тақ-тақи дарвоза шуд. Сари кӯча бароям, ошнои деринаам музтар рост истодааст. Ӯ баъди салому алейк ба мақсад гузашт:
– Хабаратон ҳаст, ба набера арӯс оварда, аз як-ду нафар қарздор шудем. Онҳо аллакай пулашонро пурсида истодаанд. Чӣ кор карданро намедонам. Замин сахт, осмон баланд. Ба ман гуфтанд, ки шумо бо сардори банк ошно. Илтимос, барои гирифтани кредит кӯмаки шумо лозим. Ва ӯ рақамеро гуфт, ки ҳуш аз сарам парид.
– Ман ҳоло наберадор нашудам, – бо заҳрханда фаҳмонд меҳмони нохонда, – аммо қарз беист «зоида» соҳиби «бачаву кача», яъне фоизаш қариб аз худаш дучанд афзудааст. Бовар кунед на рӯз тинҷӣ ҳасту на шаб, аз гулӯям на нон мегузараду на об.
Ноилоҷ назди роҳбарони бонк рафтем, ки ходими он чанд ҳуҷҷатро талаб кард, вале ошнои ман пешниҳод карда натавонист. Дертар фаҳмидам, ки ӯ нисфи ҳавлиро фурӯхта ва имораташро ба гарав гузошта, сӯи Русия барои мардикорӣ рахти сафар бастааст.
Қарздорӣ – сарпастӣ
Ягона духтарам бо табъи болида омада хабар дод, ки бахти набераам кушода шудаасту акнун фотиҳа ва тӯй.
– Хеле нағз, – гуфтам ман, – аммо бо қудошавандаҳо сӯҳбат ороста, ҳар ду маъракаро ихчам, камхараҷот гузаронидан лозим. Табиати мардум гап задан, хешу ақрабо бошанд, гила кардан. Муҳимаш, набераам соҳиби бахт шудан аст.
Хушбахтона тарафи домод аҳли фаҳм будаанд, ки бо 60-70 нафар шахсони наздик тӯи арӯсии набераам гузашт. Вале чӣ ҷои руст кардан, гилагузорӣ шуд, аммо духтарам барои пурдабдаба гузаронидани маъракаҳо аз ҳеҷ кас қарздор нашуд. Боиси хушнудист, ки аксарият шахсон аз моён ибрат гирифтанд.
– Вилояти мо дар рӯйхати вайроншавии оилаҳо баъди Тошканд ҷои дуюмро ишғол мекунад, – иброз дошт нозири шӯъбаи ақди никоҳи ноҳияи Самарқанд Ситорабону Рашидова, – таҳлил ва таҷриба нишон дод, ки асоси чунин фоҷиа тақлид, худситоӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона аст. Доро мекунад, бечора қарз мегирад ва оқибати он дарз рафтани бинои оила. Мо дар маҷлису нишастҳо борҳо такрор ба такрор мегӯем, ки тӯй ихчам ва ба замона хос гузарад, афсӯс гап дигару корбарӣ дигар.
Тааҷҷуби ман аз он аст, ки дар шабнишинӣ, яъне «вечер» ҳатто пиронсолон асозанон меоянд, ки ба арӯсу домод хешу табор нестанд. Ҳангоматалабон ҳам беҳисоб. Бечора тӯйдор маҷбур мешавад, ки ба ҳама меҳмондорӣ намояд.
Боз як муаммо рӯзи ақди никоҳ, яъне ЗАГС мошинҳои гуногунтамға, ки роҳбарони давлат, сарватмандони хориҷӣ савор мешаванд, турнақатор шуда, бо садоҳои беисту баланд кӯчаҳоро банд мекунанд. Нозирони роҳ ба ин муаммо чаро бефарқанд, ман ҳайрон?
Ба маълумоти шумо расонам, ки дар Тоҷикистон рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳо танзим ёфта, вайронкунандагони қонун ҷазои моддӣ ва маънавӣ мегиранд. Умед аст, ки пас аз интишор ёфтани қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба зери назорати қатъӣ гирифтани тӯй ва дигар маросимҳо масъала ранги дигар мегирад ва амали нек самараи хуб медиҳад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.