«Масъалаҳо ҳалли худро меёбанд»

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғони Вардонзе дар самти ғарбӣ-шимолии ноҳия воқеъ гардидааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Вардонзе (дар сарчашмаҳо Вардона, Вардона... низ омадааст) сарзамини қадимии таърихиест, ки Абурайҳон Берунӣ (дар «Осор-ул-боқия») ва Муҳаммад Наршахӣ (дар «Таърихи Бухоро») онро аз шаҳри Бухоро пештар чун шаҳраки аҳолинишин арзи вуҷуд кардааст, гуфтаанд. Аҳолӣ ва деҳаҳои гирду атрофи ин мавзеъ як аср муқаддам барои созмонёбии ноҳияи Шофиркон асос шудаанд. Беҳуда нест, ки мардум сарзамини бостонии Вардонхудотҳоро пойтахти қадимии шофиркониён меҳисобанд. Замони бачагии мо бобоён мегуфтанд, ки вардонзеҳиён одамони сарбаланд, покиза дар давоми асрҳо ба шаҳру мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон кӯчида рафтаанд. Ин ҷараён то нимаи аввали асри гузашта идома ёфтааст. Қисми аз вардонзеҳиён даруни қалъа (онҳо охирин намояндагони он ҷо) солҳои 20-30-юми қарни гузашта ба самти шимол 2-3 километр болотар рафта, ба деҳаи имрӯзаи Қӯрғони Вардонзе асос гузоштанд. Ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ба ғайр аз деҳаи Қӯрғони Вардонзе як қисми деҳаи Янгиободро низ ба худ муттаҳид карда, 2731 нафар аҳолӣ, 576 хонадон ва 734 оила дорад. Дар ҳудуд як мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, филиали поликлиникаи оилавӣ, чор боғчаи оилавӣ, як боғчаи шарикию давлатӣ, ҳашт дукони савдо, сартарошхона, толори зебоӣ, панҷ сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, ошхона, тӯйхонаи хурд, сехи дарвозасозӣ, нуқтаҳои хидматрасонии техникии вулконизатсия, шустушӯи автомобилҳо, кафшеркунӣ, сехҳои истеҳсоли ширинию нони қолабӣ, 16 хоҷагии фермерӣ фаъолият дорад. Деҳаҳо бо гази табиӣ, барқ, об пурра таъмин шудааст. Деҳаҳои асосӣ ва дарунӣ асфалтпӯш гардидааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чанд сол муқаддам маҳалла соҳиби бинои нави идора гашта буд. Соли 2022 шомили Барномаи «Деҳаи обод» гардидани деҳа боиси зебоию ободтар шудани ҳудуд, таҷдидёбии роҳҳо, кӯчаҳо, бо панелҳои офтобӣ чароғону бартарафшавии як идда камбудиҳою норасогиҳо гардид.

Омӯзгори мактаби миёнаи рақами7-ум, Аълочии таълими халқ Аҳрор Салимов раиси маҳалла интихоб гардида буд. Дар интихоботи навбатии маҳалла, ки имсол ба амал омад, сокинони маҳалла ба ӯ боз боварӣ зоҳир намуда, такроран раиси маҳалла интихоб карданд. Ҳоло таҳти роҳбарии ӯ ҳафтгонаи маҳалла – ёвари ҳоким Хуршед Йӯлдошев, роҳбалади ҷавонон Ҷавоҳир Бақоев, фаъоли занону духтарон Гулшан Усмонова, корманди иҷтимоӣ Иззатой Раҷабова, инспектори профилактикӣ Шоҳрух Зокиров, инспектори андоз Лазиз Қаюмов баҳри ободу зебо гардидани ҳудуд ва рушди маҳалла азму кӯшиш доранд.

 – Бояд таъкид намуд, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳалла аз ҷумлаи ҳафт маҳаллаи ноҳия аст, ки шомили Барномаи «Аз камбизоатӣ сӯйи фаровонӣ», – мегӯяд раиси маҳалла ҳангоми суҳбат бо мо.

Дар маҳалла мувофиқи барнома 1,5 километр рӯд бетонфарш карда шуд, 5-то сехи артезианӣ созмон ёфт. Дар 2 кӯча 2-то трансформатор таҷдид ёфт, симчӯбҳо иваз гардиданд, 2,5 километр роҳ мумфарш карда шуд. Дар кӯчаҳо 93 чароғи шабафрӯз ва 40-то камера ҷо гирифт. Ин имконият дод, ки соли ҷорӣ маҳалла аз ҳудуди сурх баромада, ба ҳудуди сабз табдил ёбад.

Мувофиқи нақша дар маҳалла 1600 метр роҳ шағалфарш ва 1,1 километр роҳ асфалтпӯш мегардад.

1380 нафари аҳолии маҳалларо бонувон ташкил мекунанд. Байни онҳо 87 нафар шомили «Дафтари бонувон», аз ҷумла бонувони тоифаи якум 56 нафар, тоифаи дуюм 5 нафар, тоифаи сеюм 10 нафар, тоифаи чорум 14 нафар, тоифаи шашум 2 нафар буданд.

Ба ибораи дигар, аз бекороне, ки 56 нафар буданд, ҳоло 5 нафар мондаанд. Бо мақсади коҳиш додани бекорӣ ба 28 нафар ҷавонон барои кишти такрорӣ (арзану ҷуворимакка) 20 холӣ замин дода шуд.

 – Муҳоҷирони хориҷӣ дар ҳудуд чанд нафаранд, – пурсидам аз мусоҳибам

 – Онҳое, ки дар хориҷ барои кору таҳсил рафтаанд, 76 нафар ҳастанд. 70 фоизи аҳолӣ мавсими кор ба хориҷа рафта, ба рӯзгору оила 800-1200 долларӣ маблағ мефиристанд.

 – Имрӯз аҳли маҳалларо чӣ ба ташвиш овардааст?

 – Норасоии оби ҷӯй барои зироаткорӣ.

 – Боз чӣ?

 –Асфалтпӯш набудани як қисм роҳҳои даруни маҳалла...

Аҳли маҳалла гувоҳанд, ки солҳои охир дар ҳаёти маҳалла дигаргуниҳои назаррас рух медиҳанд. Шубҳае нест, ки масъалаҳо пай дар пай ҳалли худро меёбанд, – ҷавоб дод раиси маҳалла А. Салимов.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: