Ботокс доруест, ки аз моддаи ботулотоксин омода мешавад. Бо миқдори хеле кам ба мушакҳои рӯй гузаронида шуда, онҳоро муваққатан ором мекунад. Ҳамин ҳолат боиси он мегардад, ки оҷингҳо ҳамвор шуда, рӯйро тоза ва ҷавон менамояд.
Вақт мисли бод аз паҳлуи мо мегузарад. Бо гузашти солҳо ба рӯй, гардан ва ҷабини инсон оҷингҳо соя меандозанд ва ин хотираест аз ташвишҳои зиндагӣ, ҳар хат нишонаест аз изтироб, аз солхӯрдагӣ, вале инсон мехоҳад ҳамеша ҷавон монад.
Имрӯз дар ҷаҳони муосир роҳи тозае пайдо шудааст, ки онро бисёриҳо ҳамчун «сеҳри ҷавонӣ» мешиносанд. Ин амалиёт «ботокс» ном дорад.
Ботокс доруест, ки аз моддаи ботулотоксин омода мешавад. Бо миқдори хеле кам ба мушакҳои рӯй гузаронида шуда, онҳоро муваққатан ором мекунад. Ҳамин ҳолат боиси он мегардад, ки оҷингҳо ҳамвор шуда, рӯйро тоза ва ҷавон менамояд. Ин сӯзандору ҳам дар соҳаи косметология ва ҳам дар тиб васеъ истифода мешавад. Вале ҳамеша саволҳо ба миён меоянд: ботокс то куҷо бехатар аст? Оё ҳама метавонанд онро истифода баранд? Барои посух ба ин ва дигар саволҳо мо бо мутахассис, косметолог Шабнам ПАРДАЕВА суҳбат намудем.
– Ботокс чист ва чӣ гуна таъсир мерасонад?
– Ботокс доруест, ки аз ботулотоксин гирифта шудааст. Он ба мушакҳои рӯй ворид карда шуда, онҳоро муваққатан ором месозад. Аз ин сабаб, пӯст ҳамвор мешавад ва оҷингҳо камтар менамоянд.
– Кӣ метавонад аз ботокс истифода барад ва ба кадом шахсон тавсия намешавад?
– Он бештар ба шахсони солим, ки мехоҳанд оҷингҳои рӯяшонро кам кунанд, тавсия мешавад. Аммо ҳомила, модароне, ки тифли ширмак доранд ва шахсони дорои бемориҳои асабу мушак ё аллергияи муайян, набояд аз он истифода баранд.
– Таъсири ботокс то чанд вақт давом мекунад?
– Ба ҳисоби миёна аз се то шаш моҳ. Баъди ин давра таъсираш тадриҷан суст мешавад.
– Оё истифодаи он барои саломатӣ хавфнок нест?
– Агар мутахассиси касбӣ муолиҷаро дуруст гузаронад, хавф кам аст. Хатарҳо бештар ҳангоми истифодаи ғайрикасбӣ ба миён меоянд.
– Таъсирҳои манфии эҳтимолӣ кадомҳоянд?
– Сурхшавӣ ё дарди сабук дар ҷои тазриқ, дарди сар. Аҳёнан паст шудани пилки чашм. Ин ҳолатҳо муваққатӣ мебошанд.
– Фарқи ботокс ва дигар усулҳои ҷавонсозӣ (масалан, филлерҳо) дар чист?
– Ботокс мушакҳоро ором мекунад ва оҷингҳоро ҳамвор месозад, дар ҳоле ки филлерҳо пӯстро пур мекунанд ва ҳаҷм мебахшанд. Табибон ботокс ва филлерро якҷоя истифода мебаранд.
Ин намуди амалиёт барои дардро ҳис накардани кӯдаконе, ки бемориҳои устухон доранд, низ тавсия мешавад.
– Ба ботокс одатан аз синни чандсолагӣ ниёз дорем?
– Одатан аз 18-солагӣ то синни пирӣ. Вале ҳар ҳолатро бояд бо машварати мутахассиси касбӣ арзёбӣ кард.
– Хатоҳои маъмул ҳангоми истифодаи ин ҷараён кадомҳоянд?
– Набояд ба мутахассисони бетаҷриба муроҷиат кард.
– Чӣ гуна метавон мутахассиси боэътимодро интихоб кард?
– Бояд санадҳои иҷозат, таҷриба ва шароити клиникаро тафтиш кард. Машварати аввал бисёр чизро равшан месозад.
– Миқдори грами дору бояд то чанд бошад?
– Одатан дар бораи «грамм» гап намезананд, зеро ботокс дар воҳиди махсус — «юнит» чен карда мешавад, на бо грамм.
1 найча ботокс одатан 50 ё 100 юнит дорад.
Барои як қисми рӯй (масалан, пешонӣ, атрофи чашм, байни абрӯвон) аз 10 то 30 юнит лозим мешавад. Дар маҷмӯъ, барои як шахс вобаста ба мақсад ва хусусиятҳои мушакҳо аз 20 то 100 юнит сарф мешавад.
– Тавсияи шумо ба хоҳишмандони ин амалиёт чист?
– Сараввал бо духтури худ машварат кунед, баъдан танҳо ба мутахассиси боэътимод муроҷиат намоед. Саломатӣ аз ҳама муҳим аст.
Ботокс метавонад сояҳои вақтро аз чеҳра муваққатан дур кунад. Вале зебоӣ на ба қимати саломатӣ бояд бошад. Пеш аз ҳар қадам бояд андеша кард: рӯйи инсон танҳо оинаи ҷавонӣ нест, балки китобест аз таҷрибаҳои зиндагӣ. Ва ҳар кас ҳақ дорад, ки саҳифаҳои онро боэҳтиёт ва масъулият ҳифз намояд.
Сӯҳбаторо Шоҳсанам ЙӮЛДОШЕВА.