Зуҳрохон Орифова 53-сола аст. Ӯ аз деҳаи Оқбӯрёи ноҳияи Олтиариқ. Дар якунимсолагӣ ба сандалӣ афтида, аз дасти чапаш ҷудо шудааст.
Зуҳро ба саҳро баромада, пахта мечинад, дар замини наздиҳавлиаш бодиринг, шалғам кошта, даромад мегирад, ангур парвариш менамояд.
– То имрӯз ба Тошканд нарафтаам, пойтахтро дар телевизор дида, ҳавас карда мешинам, – мегӯяд Зӯҳро. – Якдаста будан Зуҳро Орифоваро дар ҳаёт боз ҳам нируманд ва шуҷоатнок гардонд. Оила сохт, соҳиби ду фарзанд гардид.
– Дар оила шаш фарзанд будем. Фотима, ман ва додарамон – тифли бистрӯза ба сандалӣ афтода будаем. Насибаам будааст, се маротиба дастамро буриданд. Падарам дорувориро ёфта оварда, маро табобат карданд. Ба падарам ҳам раҳмат, ба бахтамон сиҳату саломат бошанд. Олтиариқиён меҳнаткаш. Баҳору зимистон меҳнат мекунем. Шавҳарам маълӯли гурӯҳи дуюм. Замин гирифта, чархи рӯзгорро меҷунбонем. Соли гузашта зану шавҳар 8 миллион сӯмина пахта чиндем. Дар ҷавониам пилла парвариш мекардем, дар ҳавлиамон 35 сар гӯсфанд доштем. То вақти мактаб гӯсфандонро ба саҳро бурда меовардам. Бачагиамон дар саҳро гузашт. Як дастам набошад ҳам, аз ҳаёт наменолам. Ду писар дорем, наберадор шудем. Аз аввали баҳор ба саҳро баромада, ба ангурпарварӣ машғул мешавем, – мегӯяд ӯ. – Дар ҷавониам духтарчаи шӯху шаддот будам. Рӯзҳое ҳам мешуданд, ки аз набудани як дастам нороҳат мешудам. Падарам мехост ман чун ӯ омӯзгор шавам. «Не, ман омӯзгор намешавам, дастам нест-ку» гӯям, «Гапи ту мегузарад, аз ӯҳдаи ин касб мебароӣ», мегуфт падарам. Ман бошам, прокурор шудан мехостам.
Орзуи ягонаам ин аст, ки ба Тошканд рафта, консертҳои санъаткорони дӯстдоштаамро тамошо кунам. Ҷойҳои таърихӣ ва ободу зебои пойтахтамонро бинам», – мегӯяд Зуҳро Орифоваи матинирода.
А.РАҲНАМО