Адабиёти пурғановати мо дар давоми мавҷудияти худ ба ҷаҳониён ганҷинаи пурбаҳоеро нисор кардааст ва дар ин дарозои таърих на танҳо бузургмардони суханофарин, балки бонувони нуктасанҷе низ дар ташаккули он саҳму ҳиссаи беназире гузоштаанду мегузоранд.
Аз он зумра мебошанд шоирҳои ширинбаён, мисли Робиаи Балхӣ, Исматии Самарқандӣ, Ойишаи Самарқандӣ, Мӯниса, Маҳастии Хуҷандӣ, Мутрибаи Кошғарӣ, Ҷаҳонхотун, Меҳрии Ҳиротӣ, Адибаи Деҳлавӣ, Комилабегим, Мунира – духтари Абдураҳмони Мушфиқӣ, Зебуннисо (Махфӣ), Зинатуннисо, Бузургии Кашмирӣ, Нурҷонбегим, Зӯҳро, Маҳлиқои Ҳайдарободӣ, Лолахотун, Иффатии Исфароинӣ, Тоҷуддавла, Маҳзуна, Нодира, Мирзо Фотима (мутахаллис ба Комила), Тоҳира ва ғайра, ки бо сеҳри каломи худ қалби оламиёнро мусаххар кардаанд. Зикри ҳаёт ва фаъолияти иддае аз шоираҳои маъруфи тоҷик дар китоби «Бисту се адиба» соли 1957 бо саъю кӯшиши нависанда ва олими маъруф Тоҷӣ Усмон оварда шудааст.
Яке аз чунин шоирҳои нозукбаён хонум Ниҳонии Кирмонӣ мебошад, ки дар Хуросон дар садаи XVI ба унвони шоирае ҳассос ва равшанзамир шуҳрат ёфтааст. Падари ӯ низ аз сардорони бузурги фармонравои он замон шоҳ Сулаймон буд ва мақоме баландро соҳиб буд. Бархе сарчашмаҳои таърихӣ бо чанд ҷумлае умумӣ ба баёни бархе вижагиҳои неки шоира пардохтаанд, аммо дар бораи зиндагинома, соли таваллуд ё вафоташ, ҳамчунин дар бораи осораш иттилооти пуррае надодаанд.
Бар асоси он чӣ дониста шудааст, Ниҳонӣ ба воситаи фазилат ва дониши худ, бо модари шоҳ Сулаймон, ки Хуррамбегим ном дошт, унс ва улфат ёфта ва ба ҳамсӯҳбати хос ва ҳамешагии ӯ табдил шуда буд. Ниҳонӣ яке аз канизони бисёр зебои ҳарами шоҳ Сулаймон будааст. Чунонки нависандаи тазкираи «Ҳафт шаҳри ишқ» нақл мекунад, овозаи ҷамол ва фазилати Ниҳонӣ, ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя низ расида буд. Шоирон, адибон, амирон ва соҳибони мақомоти баланд аз гӯшаву канор шефтаи шеърҳои дилнишин ва фирефтаи зебоии дилшикори ӯ шуда, хоҳон ва талабгори издивоҷ бо ӯ буданд ва барояш хостгорҳо мефиристоданд.
Аммо Ниҳонӣ ҳеҷ кадомро шоистаи ҳамсарии худ надониста, дар посух ба хостгорон рубоие суруда ва онро мунташир мекунад. Дар баробари ин, шарте мегузорад, ки агар касе битавонад ба он рубоӣ посухе шоиста диҳад, бидуни дар назар гирифтани синну сол, молу манол ва мақому мартабааш ӯро ба ҳамсарии худ хоҳад пазируфт. Мувофиқи гуфтаи ӯ, дафъае рубоиро навишта, дар чаҳор гӯшаи бозор овезон карданд ва мунтазир шуданд, ки чӣ касе манзур ва мафҳуми онро дарёбад ва посухе арзанда диҳад.
Рубоии Ниҳонӣ чунин буд:
Аз марди бараҳнарӯй зар металабам,
Аз хонаи анкабут пар металабам.
Ман аз даҳани мор шакар металабам,
Аз пашшаи мода шери нар металабам.
Вале, мутаассифона, дар он даврон аз байни дилдодагони ӯ ҳеҷ кас натавонист ба ин рубоӣ ҷавоб бинависад ва орзуи бо беҳтарин суханвари даврон ҳамсарӣ пазируфтанро ҷомаи амал бипӯшонад. Ниҳонӣ низ ба азми худ собитқадам биистод ва бо ин орзуи зебои шоирона тамоми умри худро бидуни шавҳар гузаронд.
Чунонки ривоят кардаанд, пас аз солҳо вазире бо номи Саъдуллоҳхон, ки дар дарбори Шоҳҷаҳони Бобурӣ дар Ҳинд фаъолият доштааст, нуктаҳои шеъри Ниҳониро пай бурда, дар посухи он рубоии зерро сурудааст:
Илм аст бараҳнарӯ, ки таҳсил зар аст,
Тан хонаи анкабуту дил болу пар аст.
Заҳр аст ҷафои илму маънӣ шакар аст,
Ҳар пашша аз ӯ чашид, он шери нар аст.
Аммо пеш аз он, ки ин рубоӣ ба дасти Ниҳонӣ бирасад, умри ӯ ба поён расида ва аз дунё гузашта буд. Ва касе нафаҳмид, ки Ниҳонӣ ин розро баройи чӣ касе гуфта буд, ки ӯро дар сарзамини худ наёфт.
Фозил Шукурӣ.
Самарқанд.