Ин тасмими ҳукумати “Толибон” нигаронии ҷомеаи дохилии Афғонистон ва берун аз онро ба миён овардааст.
Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки интернет дар саросари ин кишвар аз шоми рӯзи гузашта, 29-уми сентябр қатъ гардидааст. Онҳо навиштанд, сараввал интернети нахи нурӣ (интернети ноқилӣ) дар тамоми Афғонистон қатъ гардида, баъдан интернети мобилӣ ҳам ба мушкил дучор шудааст.
Ҳукумати "Толибон" то кунун сабаби қатъи интернет барои беш аз 40 миллион шаҳрванди Афғонистонро шарҳ надодаанд. Аммо дар гузашта гуфта буданд, ки ин иқдомро ба хотири “пешгирӣ аз амалҳои бад” анҷом медиҳанд.
Созмони "NetBlocks", ки амнияти сайберӣ (киберӣ) ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон кардааст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо қатъи комили интернет рӯ ба рӯ аст ва ҳоло хадамоти телефонӣ ҳам дар вазъияти бад қарор дорад.
Ба гузориши расонаҳо, қатъи комили интернети ноқилӣ ва мушкил дар шабакаҳои мухобиротии Афғонистон, мавқуф мондани чандин парвозҳои ҳавопаймоӣ, дучори мушкил шудани хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардумро дар пай доштааст.
Аз ҷумла, сомонаи "Flightradar 24" гузориш додааст, ки рӯзи 30 сентябр панҷ парвоз ба Кобул лағв шудааст, ки се парвоз аз Дубай ва ду парвози дигар аз Истанбул ва Маскав буданд.
Мақомоти “Толибон” аз чанд ҳафта қабл маҳдуд кардани интернети нахи нуриро дар Афғонистон оғоз карда, дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар ин навъи интернетро қатъ карда буданд.
Ин тасмими ҳукумати “Толибон” нигаронии ҷомеаи дохилии Афғонистон ва берун аз онро ба миён овардааст.