Аз ҷониби мақомоти Садорати Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар вилояти Қашқадарё дар муддати сипаришуда аз қарздорон дар маҷмӯъ 117 миллиард сӯм маблағи алимент рӯёнида шуд.
Аз ҷониби мақомоти Садорати Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар вилояти Қашқадарё бо мақсади ситонидани пардохтҳои алимент, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон корҳои доимӣ амалӣ мегарданд.
Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ, дар асоси 36 ҳазору 255 санади иҷрои алимент, амалиётҳо гузаронида шуд. Дар ин раванд, масъулони соҳа ба масъалаи кор бо қарздорон, таъмини талаботи алиментгирандагон, пеш аз ҳама, дастгирии моддии ояндаи фарзандон эътибори махсус доданд.
Дар натиҷа, 5 696 кор бинобар бо ҳам созиш намудани ҷонибҳо, 251 ҳуҷҷати иҷро аз сабаби ба синни 18 расидани фарзандон ё пурра пардохт шудани маблағ аз ҷониби алиментдиҳандагон, анҷом дода шуд.
Муҳимтар аз ҳама, дар муддати сипаришуда аз қарздорон дар маҷмӯъ 117 миллиард сӯм маблағи алимент рӯёнида шуда, пурра ба суратҳисобҳои картаҳои алиментгирандагон гузаронида шуд. Ин маблағ барои беҳтар сохтани шароити зиндагии садҳо оила ва фароҳам овардани имкониятҳои арзанда барои ояндаи ҳазорҳо кӯдак мусоидат мекунад.
Бюрои иҷрои ҳатмӣ масъалаи алиментро ҳамеша ҳамчун вазифаи афзалиятнок арзёбӣ карда, дар роҳи таъмини ҳуқуқҳои қонунии ҳар як кӯдак анҷом додани чораҳои қатъиро идома медиҳад.
Хидмати матбуоти Бюрои иҷрои ҳатмии назди Прокуратураи генералӣ.