Бояд гуфт, ки солҳои охир бобати такмили сохтори таълим, дастгирӣ ва рағбатноксозии меҳнати муаллим ва мураббиён як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ имзо гардида, барои кормандони соҳа имтиёз ва имкониятҳои васеъ фароҳам шуданд, ки чанде аз онҳоро пешкаши муштариён мекунем.
Мувофиқи қонун «Дар бораи муқаррар кардани Рӯзи муаллим ва мураббиён» аз 27 декабри соли 1996 1 октябр — Рӯзи муаллим ва мураббиён муқаррар гардид ва ин сана рӯзи истироҳат эълон шуд.
Ҳар сол ин сана дар саросари мамлакат васеъ ҷашн гирифта шуда, фаъолияти омӯзгорони ботаҷриба, муаллимони пешқадам эътироф мегардад.
***
Ба профессор-устодоне, ки аз фанҳои физика, математика, кимиё ва биология ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро тайёр мекунанд, ба андозаи 100 фоизи музди меҳнат мукофотпулии якмаротибаина, инчунин, ба профессор-устодоне, ки барои донишҷӯён аз фанҳои физика, математика, кимиё ва биология маҳфилҳо мегузаранд, дар давоми давраи таҳсил ба музди меҳнаташон ба миқдори 25 дарсади музди меҳнат иловапулӣ муқаррар гардидааст.
***
Мувофиқи Қарори Президент аз 1 апрели соли 2001 «Дар бораи чораҳои рағбатноксозии зан-мураббияҳое, ки дар объектҳои варзишии бачагонаи деҳот кор мекунанд» ба ставкаи тарифи зан-духтароне, ки дар мактабҳои таълими умумӣ, муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар ва мактабҳои варзишии бачагон ва наврасони деҳот ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва устоди варзиш кор мекунанд, ҳар моҳ ба миқдори 15 фоиз иловапулӣ муқаррар карда шудааст.
***
Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 9 сентябри соли 2021 ба ғолибони олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳайси омӯзгор кор мекунанд, ба андозаи 150 дарсади музди меҳнат ва ба ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ба миқдори 100 фоизи моҳона иловапулии ҳармоҳа дода мешавад.
***
Тибқи Қарори Президент аз 11 январи соли 2021 «Дар бораи чораҳои ҷалби мутахассисони ихтисоснок ба ташкилотҳои буҷетии маҳалҳои дурдаст» барои муаллимон ва педагогҳои дорои тоифаҳои олӣ ва якум, ки ба таҳсил дар мактабҳои дорои сатҳи пасти таҳсилоти минтақаҳои дигар ҷалб шудаанд, ба ставкаи асосии тарифӣ иловапулиҳои махсус муқаррар карда шудааст.
Дар ин ҳолат:
— ба ставкаи базавии тарифии муаллим ва педагогҳо, ки дар доираи як вилоят аз дигар ноҳия ва шаҳрҳо омада кор мекунанд, ба андозаи 50 фоиз;
— ба ставкаи базавии тарифии омӯзгор ва мураббиён, ки аз дигар вилоятҳо ба кор гузаштаанд, ба миқдори 100 фоиз иловапулии махсус пардохт мешаванд.
Дар асоси матолиби Интернет таҳияи
Ш.ЙӮЛДОШЕВА.