Омӯзгор кист?

Аввалин омӯзгор Худованд аст. Ӯ бар Одам (а), нахустин инсон, ҳамаи донишҳоро омӯхт ва мақому эътиборашро бад-он аз фариштаҳо боло гузошт.

Ва бар паёмбари гиромии мо (ба воситаи Ҷабраил) гуфт:
«Бихон!», дар ҳоле ки ӯ хонанда набуд ва наметавонист бихонад.
Ва танҳо Ӯ – Худованд ба инсон омӯхт он чиро, ки намедонист. Ва ҳам қаламро барои ин васила гардонид.
Ҳама паёмбарони ростин низ омӯзгор буданд, омӯзгори қавм, омӯзгори башарият. Бар эшон шинохти ҳақу ҳақиқат муҳимтар аз омӯзиши ҳама дунё буд.
Одамӣ ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Вазифаи ӯ аст, ки бояд аз гаҳвора то қабр илм биёмӯзад. Ва он чӣ омӯхтаасту андӯхтааст, бар дигарон биёмӯзаду бубахшад.
Сарзамине, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ обод нахоҳад гардид ва ҳам танҳо бехирадон метавонанд умед бибанданд, ки он баногоҳ рӯзе сарсабз хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳеч борони лутф бар он намерезад ва абр аз ӯ ба ҳазор фарсах мегурезад.
Чӣ бадбахт аст мардуми диёре, ки омӯзгорашро намешиносад ва ӯро гиромӣ намедорад. Ва ба мардуме, ки бар рӯи омӯзгор меситезад, дӯзах ҳам танаффур (нафрат) менамояд ва бар он лаънат мехонад.
Омӯзгор бояд бидонад, ки бузургтарин кас аст, дар ҳоле ки илм дорад ва аз рӯи он амал мекунад ва ба шогирдон дарс мегӯяд.
Худованд одамиро омӯхт ва дӯст медорад, ки ӯ ҳамеша биёмӯзад ва дигаронро биёмӯзад. Аз ин рӯ, бояд мақоме баландтар дар назди ӯ аз мақоми омӯзгор набошад.
Таҳияи Собир ЭРГАШЕВ, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: