Ходими калони илмии Маркази таҳлилии «Фонди Вивекананда»-и Ҳиндустон Правеш Гупта дар мусоҳиба бо АИ «Дунё» мулоҳизаҳои худро дар мавриди суханронии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сессияи 80-уми Ассамблеяи генералии СММ иброз дошт.
– Ин суханронӣ собит намуд, ки ҳатто мамлакатҳои начандон бузург, ки ислоҳоти қатъӣ ва пайвастаро амалӣ мекунанд, метавонанд дар ҷаҳони имрӯз, ки ҳарчи бештар пароканда мегардад, дар ҳифзи тавозун, муколама ва ҳамкории созанда садои таъсиргузор дошта бошанд. Президент суханронии худро аз арзёбии вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки низоъҳо пурзӯр гардида, институтҳои байналмилалӣ заиф мешаванд ва торафт нобаробарӣ меафзояд, оғоз намуд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Ӯзбекистонро ҳамчун ҳамкори фаъол дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона ва фарогир муаррифӣ кард.
Тағйироти иҷтимоию иқтисодие, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, қобили таваҷҷӯҳанд: сатҳи камбизоатӣ аз 35 фоиз то 6,6 фоиз коҳиш ёфтааст, фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ тақрибан се баробар афзудааст, имконияти соҳиби маълумоти олӣ гардидан панҷ маротиба зиёд шудааст. Ин дастовардҳо, ки бо сармоягузорӣ ба илм, энергетикаи «сабз» ва инфрасохтор тақвият ёфтаанд, ба таври равшан нишон медиҳанд, ки чӣ гуна иродаи сиёсӣ метавонад ба пешрафти иҷтимоии назаррас табдил ёбад. Ташаббусҳое чун баргузор кардани Саммити ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо бемории саратон дар кӯдакон, боз як бори дигар талошҳои Ӯзбекистонро барои табдил ёфтан ба маркази ғоя ва инноватсияҳо намоён карданд.
Фикр мекунам, асоси суханронии роҳбари Ӯзбекистонро консепсияи Осиёи Марказии Нав ташкил кард. Ӯ ҳамагӣ ҳашт сол пеш ба Ассамблеяи генералии СММ хотиррасон намуд, ки минтақа пур аз марзҳои баста ва низоъҳои ҳалнашуда аст. Аммо имрӯз, ба шарофати дипломатияи фаъол ва равандҳои машваратии минтақавӣ, Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ табдил меёбад. Ҳаҷми мубодилаи мол ва сармоягузорӣ чандин баробар афзудааст, лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ татбиқ мешаванд, институтҳои нави муштарак робитаҳои миёни ҳамсояҳои наздикро боз ҳам таҳким мебахшанд. Ӯзбекистон бо даъват аз СММ барои эътирофи расмии ин кӯшишҳо тавассути резолютсияҳо, форумҳои нави рушд ва марказҳои технологияҳои «сабз» собит кард, ки Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба қувваи мустақил табдил меёбад.
Дар масъалаҳои идоракунии глобалӣ, Шавкат Мирзиёев ислоҳ намудани Шӯрои Амнияти СММ ва афзунсозии овозҳоро, ки намояндагии кишварҳои рӯ ба рушдро талаб мекунанд, ҷонибдорӣ кард. Ӯ аз СММ даъват намуд, то ба мамлакатҳое, ки дастрасӣ ба баҳр надоранд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд, вобастагии ҷаҳониро пурзӯр кунад, мушкилоти норасоии об ва муҳоҷирати иқлимиро ҳамчун даъватҳои фаврии муштарак баррасӣ созад. Пешниҳодҳои ӯ доир ба баргузор кардани Форуми ҷаҳонӣ оид ба сарфаи об ва қабули Пакти глобалӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирати иқлимӣ ояндаи дурро пешбинӣ намуда, фоҷиаи маҳаллии баҳри Аралро бо мушкилоти башарии рушди устувор пайваст менамоянд.
Дар соҳаи геосиёсӣ мавқеи Ӯзбекистон хеле мутавозин аст. Дар суханронӣ дар масъалаи Навори Ғазза тамоюли ду давлат дастгирӣ ва барои қатъи амалиёти ҳарбӣ даъват карда шуд. Дар робита ба вазъ дар Украина оғози музокироти сатҳи олӣ истиқбол гардид ва муҳим будани дипломатия, на мухолифат, таъкид гардид. Дар масъалаи Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, то ин мамлакат яккаву танҳо намонад, бараъкс тавассути лоиҳаҳои иқтисодӣ ва инфрасохторӣ суботи он таъмин карда шавад. Дар маҷмӯъ, чунин мавқеъ кӯшиши Тошкандро барои муаррифии худ ҳамчун садои бетарафи созандаи пайвандгар дар даврони қутбшавии ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои зану духтарон, воридсозии сармоя барои ҷавонон ва рушди мулоқоти фарҳангӣ, ки мизони инсонии рушд ба шумор мераванд, диққати махсус дод. Даъвати ӯ барои ҷойгир кардани қароргоҳи асосии Ҳаракати ҷаҳонии ҷавонон барои сулҳ дар Ӯзбекистон, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки осудагии пойдор бо ташаккули мустаҳками арзишҳо дар шуури насли оянда вобаста мебошад.
Ҳамин тавр, ифтитоҳи Маркази тамаддуни ислом дар Тошканд майлу хоҳиши Ӯзбекистонро ҷиҳати эҳёи мероси зеҳнӣ, чун манбаи таҳаммулпазирӣ ва маърифат ба ҷаҳон муаррифӣ намудани онро инъикос мекунад.
Суханронии Шавкат Мирзиёев дар рӯҳи баланди прагматикӣ гузашт. Ӯ Ӯзбекистонро дар харитаи ҷаҳон ҳамчун як шарики омода ба мубодилаи ғояҳо — аз дипломатияи об то кор бо ҷавонон, аз ҳамгироии минтақавӣ то ислоҳоти идоракунии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Дар замоне, ки сиёсати байналмилалӣ бештар бо рақобати қудратҳои бузург муайян карда мешавад, суханронии ӯ дар СММ даъвате буд, то Ӯзбекистон ва тамоми Осиёи Марказиро ҳамчун як қувваи нав, ки ҷонибдори мулоқот, тавозун ва ҳамкории созандаи ҷаҳонӣ аст, шиносанд.