Дар Маркази ҷавонони ноҳияи Шофиркон мулоқоти раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Бухоро Ҷамол Ашуров бо занон ва духтарони фаъоли маҳаллаҳои ноҳия таҳти унвони «Дастгирӣ ва кӯмакрасонӣ ба лоиҳаҳои занон ва духтарон» ба амал омад.
Дар он депутати Олий Маҷлис Мақсуд Муҳаммадов, намояндагони шӯроҳои халқи вилояту ноҳия, ҷавонон ва мутасаддиёни дахлдор иштирок карданд.
Раиси шӯрои намояндагони халқи вилоят Ҷ. Ашуров дар бораи мавқеи занону духтарон дар вилоят таваққуф кард.
– Имрӯз аҳолии вилоят 2082768 нафарро ташкил намуда, 1038000 нафар, яъне 49,8 фоизи онҳо занону духтаронанд. 1645 нафар бонувони фаъол чун захираи роҳбарони оянда ба қайд гирифта шудаанд. Бонувон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят фаъоланд.
Аз ҷумла, саҳми онҳо дар соҳаи таълими вилоят 74,2 фоиз, дар хидматҳои зист ва хӯрокворӣ 48,2, хоҷагии қишлоқ, ҷангал, моҳипарварӣ 45,3, молия ва суғурта 34, соҳаи саноат 30,3, роҳбарӣ ба ташкилотҳои давлатӣ 10,3 фоиз аст. Тавре мебинед, сатҳи иштироки онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ хеле паст аст, – гуфт Ҷ. Ашуров.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.