Аввалин нафар дар ҷаҳон: сарвати Илон Маск ба 500 миллиард доллар расид

Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск аввалин нафар дар ҷаҳон шуд, ки сарвати худро ба 500 миллиард доллар расонд, хабар дод Forbes.

Нишондоди рекордӣ соати 00:30 бо вақти Тошканд қайд гардид ва баъди андак – тахминан соати 01:50 нишондиҳанда ба 499,1 миллиард доллар поин рафт.

Дар натиҷаи савдоҳои якрӯза саҳмияҳои ширкати Tesla қариб 4 фоиз қимат шуда, ба дороии Маск тахминан 9,3 миллиард доллар ҳамроҳ шуд.

Дороиҳои раиси "Tesla" ва "SpaceX" ба ним триллион доллар расидааст.

Коршиносон мегӯянд, агар суръати афзоиши дороиҳои ӯ нигоҳ дошта шавад, Маск метавонад то моҳи марти соли 2033 аввалин триллионер дар таърих гардад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: