Ба муносибати «Давраи зарбдори бехатарии озуқаворӣ» эълон гардидани солҳои 2026-2030 дар маҳаллаи Фозил Йӯлдоши ноҳияи Булунғур тадбирҳои пуршукӯҳи «Сайри помидор» ба вуқӯъ пайваст.
Боиси хушнудист, ки соҳибкорон имсол дар вилояти Самарқанд дар 2 ҳазору 630 гектар майдони кушод ва 240 гектар гармхонаҳо навъҳои гуногуни серҳосил ва ба касалиҳо тобовари помидорро парвариш намуда, ҳосили фаровон мегиранд. Зеро олимону пажӯҳишгарон аз донишкадаи агро-инноватсия ва тадқиқотии Самарқанд як қатор навъҳои ҷадиди помидор, аз ҷумла «Шафақ», «Нур», «Юлдуз» ва ғайра кашф кардаанд, ки аз онҳо ҳосили фаровони кишоварзӣ ба даст овардан мумкин аст.
– Мақсад аз ташкили «Сайри помидор» ривоҷу равнақ додани соҳаи мазкур, муаррифии навъҳои гуногуни серҳосили помидор, инчунин имзои шартномаҳои ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ мебошад, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев. – Танҳо соли гузашта мо ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор доллар помидор ва консерва фурӯхтем. Дар 8 моҳи соли равон содироти он 2,1 миллион доллари амрикоиро ташкил кард. Ниятамон то охири сол ин рақамро ба 4,3 миллион доллар расонидан аст.
Барои рӯҳбаланд намудани иштирокчиёни тадбири «Сайри помидор» озмунҳои гуногун амалӣ шуда, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.