Ҳоким бо донишҷӯён мулоқот кард

Дар маркази «Маънавият ва маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Намангон, ки дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатамон ба истифода супорида шуда буд, бо ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 400 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои Намангон, ректорони донишгоҳҳо, роҳбарони ташкилотҳои дахлдор иштирок карданд.

Ҳокими вилоят дар бораи натиҷаҳои ислоҳот дар соҳаи маорифи кишвар таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон муфассал гуфта гузашт.

Барои маълумот гуфтан мумкин, то соли 2017 дар вилоят дар 3 муассисаи таълими олӣ, ҳамагӣ 11 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Ҳоло шумораи донишгоҳҳо ба 9-то расид ва 89 ҳазор талабагон таҳсил мекунанд. Дараҷаи бо маълумоти олӣ фаро гирифтани ҷавонон аз 5 фоиз ба 42,4 фоиз афзуд.

Дар вохӯрии ҳоким ва донишҷӯён ҷавонон фаъол иштирок намуда, зиёда аз 30 нафарашон дар бораи масъалаҳои муҳим муроҷиат карданд. Муроҷиатҳои донишҷӯёнро ба эътибор гирифта, мутасаддиёни соҳаҳо вазифадор карда шуданд. Дар рафти ҷараён роҳбари вилоят бо талабагони эҷодкор суҳбат ороста, бо намунаҳои корҳои эҷодии онҳо шинос шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: