Хонандагони «Мактабҳои ҷасорат» тантанавор қасамёд карданд

Дар вилояти Сурхондарё маросими мутантани «Қасамёд»-и хонандагони «Мактабҳои ҷасорат» баргузор шуд.

Дар кишвари мо ҷиҳати тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, мардонагӣ ва фидокорӣ дар онҳо, чорабиниҳо андешида мешаванд.

Тибқи қарори Президент аз 15 ноябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарё барои соли таҳсили 2025-2026 15 «Мактаби ҷасорат» созмон дода шудааст. Ба ин муносибат дар як қатор минтақаҳои вилоят маросими мутантани «Қасамёд»-и хонандагон баргузор гардид.

Дар чорабинии асосие, ки дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид, хонандагони «Мактаби ҷасорат»-и ноҳияҳои Ангор, Ҷарқӯрғон, Музработ, Қизириқ, Тирмиз ва шаҳри Тирмиз иштирок карданд.

Барои маълумот бояд таъкид кард, ки дар моҳи июли соли равон дар «Синфҳои ҷасорат»-и вилоят хонандагони синфи 5-ум тибқи санҷиш (тест)-и думарҳилавӣ ва тарбияи ҷисмонӣ интихоб карда шуданд. Дар натиҷа ҷамъ 390 нафар хонандагон шомили ин мактабҳо гардиданд.
 

Сурайё НОРМАНӢ,                                                                                                                    

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: