САД САТР АЗ ОДАМУ ОДАМГАРӢ

Инсон офарандаи неъматҳои заминист, барои беҳбудии зиндагӣ, боло бардоштани маънавиёт талош мекунад, барои оромиш ва осудагии зиндагии худ саъй дорад.

Одами беташвишу беғам куҷост?!

Дидаи бенам куҷост?!

 Ҷонибек Қувноқ.

Падарам аз устоди худ бисёр ёд меовард. Махсус ҳикоятеро барои мо аз забони ӯ мегуфт: Марде дар хона гӯре канда буд. Ҳар рӯз дар он худро ҷой медод ва ба зорӣ барои зистани як рӯз иҷозат мехост. Баъд аз гӯр мебаромад ва ба худ мегуфт: «Инак, як рӯзи дигар муҳлат дорӣ. Ба ин гавҳар чизи арзишманд бихар».

Оё мо аз худ ҳар рӯз мепурсем, ки он рӯзи умрро чӣ гуна сипарӣ кардем? Он ба огоҳӣ гузашт ё ғафлат? Нафъе барои худу ҷомеа аз он бардоштаем? Ва ба рӯзе пештар ин рӯзро муқоиса кардаем? Магар на ҳар рӯз бояд пештар биравем, бештар нафъ бубинем? Агар пештар нарафтаем, бештар нафъ надидем, дар ғафлат зистаем, ба қадри вақт нарасидаем.

***

Фарзанди яке бо ҳуҷҷат омад, ҳуҷҷате, ки донишгоҳро хатм намудааст. Аммо баъд маълум гардид, ки ӯ на касберо хуб омӯхтаву на дониш андӯхтааст.

***

Пештар ҳама омӯзгор буд, омӯзгори худу дигарон. Фарзанди дигареро чун фарзанди худ медонист ва донишу таҷрибаашро аз ӯ дареғ намедошт, ӯро ҳидоят мекард ба роҳи рост, ба омӯзиш, ободонӣ, дӯстдории Ватан, рафъу ислоҳи камбудиҳо.

***

Масҷидҳо худ мактабҳо буданд. Ба пиндору гуфтору кирдори одамон дар ин ҷо баҳо мегузоштанд, бе ҳеч як хотирбинӣ, бе ҳеч дурӯягӣ. Дар ин макон дарси одамият меомӯхтанд.

***

Дин насиҳат аст ва насиҳат дарс. Пештар ҳар нафар пиндору кирдори зиштеро дар касе мушоҳида мекард, ӯро аз он бозмедошт. Ва амали некашро тарғиб менамуд, то дигарон пайравияш намоянд.

Ҳолиё бархе аз рӯҳониён, ки бештар ба хонаи дороён даъват мешаванд, ҳеч амр намекунанд то даст аз ғорати дигарон кӯтоҳ кунанд ва зулм нанамоянду моли ҳалол ҷамъ оваранд.

***

Пештар гузаштагон, ниёгонро тавсиф менамудем, ҳолиё бегонагонро. Аз дидаҳову шунидаҳо мегӯему афсӯс мехӯрем, ки аз он садсолаҳо қафо мондаем. Онҳоро бо ифтихор тавсиф мекунему худро ба дидаи эътибор мазаммат менамоем. Ва намедонем, ки ин ҳам ба навъе ватанфурӯшист.

***

Зани ҷавоне ба идораи мактаб омад. Ӯ аз омӯзгор шикоят кард. Гуфт, ки духтарашро задааст. Ба хотир овардам, маро ҳам, ки дар синфи ибтидоӣ мехондам, муаллим зада буд. Чун шикоят ба падар бурдам, як шапотии обдор ба рӯям зад ва гуфт: «Дигар аз омӯзгор шикоят макун».

***

Яке аз устодони машҳури ахлоқ Фаридаддини Аттор дар рисолаи «Панднома»-и худ дар баёни он чӣ одамиро шикаст орад, чунин гуфтааст:

Одамиро чор чиз орад шикаст,

Бо ту гӯям, гӯш дор, эй ҳақпараст:

Душмани бисёру воми бешумор,

Ҷурми беҳадду аёли пурқатор.

***

Инсон офарандаи неъматҳои заминист, барои беҳбудии зиндагӣ, боло бардоштани маънавиёт талош мекунад, барои оромиш ва осудагии зиндагии худ саъй дорад.

                              ***

Хулоса, фикру андешаҳои худро бо порчае аз қасидаи «Одамият чист?»-и Тошхоҷаи Асирӣ ҷамъбаст менамоям:

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,

В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.

 Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: