Пиёдагардӣ чӣ фоида дорад?

Сайру гашт, пиёдагардӣ барои саломатии инсон хеле муҳиму фоидаи он беандоза аст. Фаъолияти мағзи сар ва хотираро беҳтар намуда, депрессияро бартараф мекунад.

 

Дар вилоятамон дар бораи беҳтар намудани тарзи солимии ҳаёти мардум корҳои муфид ба амал меояд.

Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаи Дастури давлатие, ки аз тарафи Президентамон 30 январи соли ҷорӣ ба имзо расида буд,  корҳои зиёд амалӣ мегарданд.

Дар байни мардум тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла, баланд бардоштани маданияти тиббӣ, ғизои солим, гаштугузори ҳаррӯза ва мусобиқаҳои давидан, велосипедронӣ, дар бораи зарари истеъмоли маҳсулоти пластикӣ мулоқотҳо гузаронида шуд.

Масалан, дар муассисаҳои таълимӣ 954 маротиба, дар маҳаллаҳо 2458 маротиба дар мавзӯъҳои «Велосипедронӣ», «Афзалияти пиёдагардӣ», «Зарари маснуоти пластикӣ ба саломатӣ» корҳои тарғиботӣ, вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Дар 22 шабакаи иҷтимоӣ якчанд маротиба дар ин бора гуфта шуданд. Дар лоиҳаи «5 ҳазор қадам» нафақат ҷавонон, балки аҳолии маҳаллаҳо, коргарони ташкилотҳову корхонаҳо низ фаъол иштирок мекунанд.

Сайру гашт, пиёдагардӣ барои саломатии инсон хеле муҳиму фоидаи он беандоза аст. Фаъолияти мағзи сар ва хотираро беҳтар намуда, депрессияро бартараф мекунад, фаъолияти дилу рагҳоро беҳтар карда, таппиши он бо як меъёр мезанад, буғумҳоро мустаҳкам намуда, ҳаракатро осон мекунад.

Пиёдагардӣ бо баробари фоида овардан зарар ҳам мерасонад. Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки дар давраи авҷгирии шадид бемор бояд пиёда нагардад ё ки ҳаракати зиёде накунад. Дар чунин ҳолатҳо маслиҳат ва назорати мутахассис зарур аст.

Саломатӣ дар дасти худамон. Агар солим будан хоҳем,бояд бештар роҳ гардем.

Хуршеда ХУДОЙБЕРДИЕВА,

мутахассиси шуъбаи Садорати тандурустии вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: