Дар шаҳри Қувасой корхонаи замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуд

Дар шаҳри Қувасойи вилояти Фарғона корхонаи замонавӣ бо технологияҳои Швейсария ва Италия, ки ба коркарди мева ва истеҳсоли шарбати табиӣ ихтисосонида шудааст ба фаъолият шурӯъ намуд.

Он аз ҷониби ҶММ «Marwin fruitline» ташкил шуда, лоиҳаи нави қиматаш 14 млн. долларинаро ба амал мебарорад. Дар натиҷа зиёда аз 120 ҷойи нави корӣ фароҳам омада ба он аҳолии ҳудуди корхона ҷалб шудаанд. Корхона қуввати соле истеҳсол намудани 50 ҳазор тонна шарбати меваро дорост. Давоми сол 115,2 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол гардида, аз он ба миқдори 2,4 миллион доллари ИМА содир шудани маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

Аз шабакаи ҳокимияти вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: