Дар матоъ – тирамоҳи заррин

Дар Самарқанд анҷумани бошукӯҳи байналхалқии санъати тасвирии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид, ки дар он рассомони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Тадбири мазкур ба 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 95 солагии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд бахшида шуд.

Иштирокдорони анҷуман дар майдони Регистон, маҷмӯаи Шоҳи Зинда, масҷиди Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек ва дигар манзили таърихии Самарқанд рӯи матоъ манзараҳои тирамоҳи заррину хазонрезро офарида пешкаши мухлисони санъати тасвирӣ кардаанд.

– Анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ба пули дӯстӣ табдил ёфт, – барафзуд узви Академияи бадеии Ӯзбекистон Аслиддин Исоев, – дар ин ҷо анъанаҳои миллии  расмкашӣ намоиш дода шуд, ки хосатан меҳмонони хориҷӣ ба он таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: