Гурӯҳи кории Қароқалпоқистон ба Навоӣ омаданд

Иқтисодиёти махфӣ чист? Ин ҳодисаи иқтисодӣ дар аксар давлатҳои дунё рӯй медиҳад.

 

Чанде пеш ҷонишини ҳокими вилояти Навоӣ Рустам Сулаймонов бо мақсади омӯзиш ва татбиқи самарабахши чорабиниҳо доир ба иқтисодиёти махфӣ ва дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон роҳандозии таҷрибаҳо таҳти роҳбарии раиси кумитаи Жуқорғи Кенеси Қароқалпоқистон Бердибек Сейитназаров ҳайати кории намояндагии Қароқалпоқистонро пазируфт. Ҳангоми мулоқоти машваратӣ доир ба иқтисодиёти махфӣ, ки дар вилояти Навоӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст, таҷрибаи корӣ ба миён гузошта шуд.

Иқтисодиёти махфӣ чист? Ин ҳодисаи иқтисодӣ дар аксар давлатҳои дунё рӯй медиҳад. Мисолан, 100 тонна маҳсулот истеҳсол шуда, дар ҳисобот 75 тонна, ё худ аз  1000 дона дастпӯшак 750 дона, ё аз 1000 халта орди истеҳсолгардида дар ҳисобот танҳо 750 халтаи он нишон дода мешавад, ё бисёр соҳибкорон ва ё тоҷирон аз рӯйихат нагузашта фаъолият пеш мебаранд. Аз ин ҳолат аз 25 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида ба хазинаи давлат даромад намеояд. Дар ин маврид самаранокии меҳнат кам гардида, арзиши маҳсулот боло меравад.

Пешгирии иқтисодиёти махфӣ дар вилояти Навоӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Мақсади ҳайати кории Қароқалпоқистон омӯхтани моҳияти таҷриба ва татбиқи он дар истеҳсолот, тиҷорат ва хидмати маишии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мебошад.

Ин ҳодисаи манфии иқтисодӣ бештар дар корхонаҳои калони саноатӣ мушоҳида шудааст. Навоӣ, ҳарчанд вилояти саноатӣ мебошад, дар он зимни ҷустуҷӯ ва татбиқи тадбирҳо пеши роҳи иқтисодиёти махфӣ гирифта шудааст. Ин буд, ки ҳайати кории Қароқалпоқистон бештар ба корхонаи калони саноатии Навоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Ҳайати корӣ ба ҶММ» Маҷмӯаи савдои Навоӣ», «Гидро станко сервис», «Навоий ишонч гиламлари», «Муҳташам мебеллар маркази» ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаҳо аз наздик шинос шуданд.

Ҳамчунин, ҳайати кории Қароқалпоқистон таҳти роҳбарии Бердибек Сейитназаров аз гармхонаҳои «Zarafshan golden group» дидан намуда, ба фаъолияти корхонаҳо шинос шуданд. Дар ин ҷо онҳо бо лоиҳаҳои парвариши бодиринг, помидор ва тути заминӣ ошно гардида, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ҳайати кории Қароқалпоқистонро таҳти сарварии раиси кумитаи Жуқорғи Кенес Бердибек Сейитназаров ба ҳузур пазируфт. Доир ба татбиқи мубориза бар зидди иқтисодиёти махфӣ, аҳамияти он дар барқарории нархи наво табодули афкор ба амал омад.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: