Дар пайи ҷашнвораҳое, ки ба наздикӣ дар шаҳрҳои Қӯқанд ва Риштон баргузор гардид, соҳиби таърихи беш аз дуҳазорсола-шаҳри куҳанбунёди Марғелон ба як ҷашнвораи байналмилалии мақом мизбонӣ намуд.
Ин ҷашнвора 2 октябр таҳти унвони «Роҳи Бузурги Абрешим» ба вуқӯъ пайваст.
Аллакай аз сари субҳ «Боғи эҷодкорон»-и шаҳр аз мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони хориҷӣ лабрез гардид. Дар чорабиниҳо дастаҳои эҷодии мақом, ҳунармандон, ҳаваскорони санъат, намояндагони аҳли ҷомеа ва ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишварамон, инчунин аз Туркия, Озарбойҷон ва ҳамсоякишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ширкат намуданд.
Дар оғози ҷашнвораи мазкур, ки ҳадафи аслии он тарғиб, ҳифз ва густариши намунаҳои нодири эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ва боз ҳам таҳкими риштаҳои дӯстию бародарии байни давлатҳо ва халқҳо мебошад, меҳмонон бо намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ шинос шуданд. Хусусан, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноеъи дастӣ, ки аз тарафи ҳунармандони вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғона ташкил шуда буд, дар меҳмонон таассуроти хуб боқӣ гузошт.
Дар чаҳорчӯби ҷашнвора бо ширкати устодони ҳунари лафзӣ «Сайли аския» баргузор шуд. Аскияҳои дилнишини устодони ин ҳунари мардуми водии Фарғона ва ҳазлу мутоибаҳои онҳо дар қалби иштирокчиён эҳсоси шодию тараб барангехт.
Намоишномаи «Садои ду дил»-и Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон ва намоиши театрикунонидашудаи коргардон Хоҷамбердӣ Эгамбердиев бар пояи қиссаи «Робия ва Бектош» аз маснавии «Илоҳинома»-и Фаридуддини Аттор барои тамошобинонд туҳфаи муносиб гардид.
– Конфронси илмию амалӣ зери мавзӯи «Падидаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ: аския ва санъати ҳаҷвӣ» ба майдони гуфтугӯ ва баҳсу мунозираҳои зиёд табдил ёфт. Меҳмонон эътироф намуданд, ки ин навъи санъати шифоҳӣ дар ягон гӯшаи дигари олам дида намешавад ва онро аҳли ҳунари водии Фарғона бо маҳорат ва истеъдоди хос иҷро мекунанд. Мо тавонистем, ки дар ҷараёни ҷашнвора намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллӣ, намоиши муди либосҳои миллӣ, намоишномаҳои ҷамоаҳои театрӣ, ҳунарнамоии дорбозон, баромади дастаҳои ҳунарии маҳаллӣ, инчунин намоишгоҳҳои рассомон, намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардумиро, ки аз ҷониби дастаҳои фолклорӣ омода карда шудаанд, ба ширкаткунандагони ҷашнвора пешкаш намоем, – гуфт ба ноиби ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Аҳмедов.
Вай афзуд, ки Ҷашнвораи байналмилалии мақом ба ҷашни воқеии дӯстиву санъати халқҳо мубаддал гардид. Ба гуфтаи Хуршедҷон Аҳмедов дар озмуне, ки дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора баргузор шуд, дар баробари мақомхонони кишвар ҳунармандони Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои иҷрои моҳиронаи жанрҳои гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотҳо шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.