Ташрифи Президент ба мардуми вилояти Намангон рӯҳу кайфияти нав бахшид. Хусусан, ин ташриф барои омӯзгорон хушоянд буд.
Зеро дар рафти сафар ба масъалаи таълиму тарбия диққати алоҳида дода шуд. Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид ба омӯзгорон ва мураббиён имкон медиҳад, ки сифату мундариҷаи таълим дар сатҳи талаботи байналхалқӣ бошад.
Дар вохӯрӣ бо сарвари давлат омӯзгори забони англисии мактаби рақами 37-уми ноҳияи Тӯрақӯрғон Нодира Набиева бо фикру андешаҳои бикри худ ба таваҷҷӯҳи Сарвари давлатамон афзуд.
Муаллим ҳанӯз донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Намангон будан, ғолиби марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаи забони англисӣ гардида, ба гирифтани стипендияи Навоӣ мушарраф шуда буд.
Бакалавриатро хатм намуда, ба таври грант магистранти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Намангон шуд. Зиёда аз 50 мақолаи илмии ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои 17 кишвари хориҷӣ ба табъ расидаанд. Барномае, ки ӯ омода кардааст, дар Олмон дар шакли китоби электронӣ нашр шудааст. Ин барномаро Донишгоҳи Галлодети Амрико ба маблағи 5 ҳазор доллар харидорӣ кардааст. Барнома ба хонандагони маълӯл, яъне дар нутқ нуқсондошта ихтисосонида шудааст.
Нодира соли равон дар озмуни «Муаллими ҷавони бамаънавият», ки бо ташаббуси ҳокими вилоят гузаронида шуда буд, ғолиб омада, бо ҷоизаи пулӣ (15 млн. сӯм) сарфароз гардонда шуд.
Нодира вақти холӣ надорад. Дар баробари омӯзгорӣ дар мактаб дар курсҳои онлайн ба 300 нафар ҷавонон забон меомӯзад.
Ӯ ҷавон бошад ҳам, хеле комёб гардидааст. Дар арафаи Рӯзи муаллимон бо назардошти комёбиҳояш дар соҳаи таълим Президент ба ӯ мошини сабукрави замонавӣ туҳфа кард.
– Вохӯрӣ бо Сарвари давлат барои ман, ки як муаллими одии қишлоқ ҳастам, мӯъҷиза аст, – мегӯяд қаҳрамони мақолаамон. – То ҳол дар ҳаяҷонаму табрикот идома доранд. Ман хушбахтам, барои он, ки ба меҳнати хоксоронаам Президент баҳои баланд дод. Дар вохӯрӣ Сарвари давлатамон падару модарамро пурсиданду гуфтанд: мошинро ба падаратон диҳед ва арзи сипоси маро ба он кас расонед.
Омӯзгори пешқадамро ба Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба кор таклиф намуданд. Акнун Нодира дар ин маскани бонуфуз фаъолияти худро идома медиҳад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.