Зинаи вилоятии олимпиада ҷамъбаст гардид

Бори аввал аст, ки дар вилояти Сурхондарё олимпиадаи фаннии «Устодони заковатманд – 2025» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо ҳамдастии Раёсати таълими томактабию мактабӣ ва ширкати «Сурхон қурилиши» созмон дода шуд.

Дар зинаҳои ноҳиявию шаҳрии олимпиада аз мактабҳои таълими ҳамагонии вилоят қариб 2 ҳазор омӯзгори фанҳои физика ва математика ширкат ҷуста буданд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ, яъне вилоятӣ, 31 нафар омӯзгори фанни математика ва 39 нафар омӯзгори фанни физика иштирок намуда, дониши худро тавассути санҷиш ва кори хаттӣ намоиш доданд.

Дар натиҷа аз фанни физика омӯзгори мактаби рақами 12-уми шаҳри Тирмиз Муниса Бобоназарова ва омӯзгори мактаби рақами 67-уми ноҳияи Ҷарқӯрғон Гавҳар Ҷӯраева, мутаносибан, ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд. Ҷойи аввал насиби омӯзгори фанни физикаи мактаби рақами 74-уми ноҳияи Сариосиё Дилшод Сатторов гардид.

Омӯзгори фанни физикаи мактаби рақами 14-уми ноҳияи Тирмиз Аббос Болтаев сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Омӯзгори мактаби рақами 19-уми ноҳияи Ҷарқӯрғон Равшан Мамадалиев ҷойи дуюм ва омӯзгори мактаби рақами 108-уми ноҳияи Деҳнав Элёр Мелибоев ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба соҳиби ҷойи 3-юм 20 миллион сӯм, ба ғолиби ҷойи 2-юм 30 миллион сӯм ва ба соҳиби ҷойи 1-ум автомобили «Дамас» туҳфа карда шуд.

Ин гуна иқдому ташаббусҳо аз таваҷҷӯҳи соҳибкорон ба илм ва меҳнати устодон шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон, чунин ташаббусҳо бо сиёсати маърифатпарваронаи Президенти мо, ки гуфтааст: «Илм ва маърифат – пояи тараққиёти миллат мебошад» ҳамоҳанг буда, дар қалби аҳли илму дониш ҳисси ифтихор ва масъулиятро бедор месозад.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: