Заҳр бодо шири модар...

Ё худ шоҳбайтҳо андар ситоиши забони модарӣ

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Лоиқ Шералӣ

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Аскар Ҳаким.

 

Агар як лаҳза хории забон бинам,

Суханҳои равонро норавон бинам,

Ба дасти нотавоне нотавон бинам,

Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,

Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад!

Гулназар.

 

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад ватандор аст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ.

Бозор Собир.

  

Забони ман – забони шеър, оре,

Ки бо ҳар хору хас ёбам баёне,

Вале гоҳе забон гум мекунам ман,

Намеёбам забон бо ҳамзабоне.

Ҷонибек Қувноқ.

 

Қадимию ҷавонӣ ту,

Хушоҳангу равонӣ ту.

Чу баҳри бекаронӣ ту,

Ба дурри маънӣ конӣ ту,

Забони модарии мо!

Забони модарии мо!

Нозирҷон Боҳирӣ.

 

Хушоҳангу гуворо, дилпазир аст,

Забони шоирони беназир аст.

Ҷаҳонеро ба нармӣ кард тасхир,

Дарии мо чи лафзи муқтадир аст!

Абдулло Субҳон.

 

Забони ман, забони модари ман,

Чу лаҳни сабзи борони баҳорӣ.

Бирезад нарму гарму фораму пок,

Ки дорад бас чу ман ҷони хуморӣ.

Паймон.

Гирдоваранда Собир Эргашев.

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: