Назаре ба фаъолияти мактаби миёнаи рақами 9-уми ноҳияи Сариосиё
Дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мактаби миёнаи рақами 9-ум яке аз муассисаҳои пешсафи таълимӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дастовардҳои назаррас на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ низ шуҳрат пайдо кардааст.
Имрӯз дар ин боргоҳи маърифат зиёда аз 800 хонанда таҳсил мекунанд ва ба онҳо беш аз 60 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таҳти роҳбарии директор Ёқубҷон Муродуллоев таълиму тарбия медиҳанд.
Аз ҷумла, 14 нафар омӯзгор дорои тоифаи олӣ ва 12 нафар соҳиби тоифаи якум мебошанд. Онҳо бо заҳмат ва ҷидду ҷаҳди пайваста барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия талош меварзанд.
Дар байни онҳо чеҳраҳои шинохтаи соҳаи маориф Зуҳуриддин Муслиҳиддинов, Абдусаттор Ҳасанов, Майсара Расулова, Одилҷон Назаров, Бахтиёр Фаттоев, Суҳроб Ғуломов, Шуҳрат Маҳмудов, Ҳасан Бобоев, Ҳакималӣ Икромов, Фароғат Исматова, Муяссар Тошева, Мунаввар Ҳоҷиева, Анзират Бобоева, Гуландон Ҳусейнова, Дилбар Бобоева, Замира Зоирова, Замира Муслиҳиддинова, Орзугул Норбоева, Мастона Расулова, Амина Акбарова, Фотима Рамазонова, Фотима Норбоева, Муқаддас Янгибоева, Озода Акрамова, Зайтуна Муродуллоева, Дилбар Муҳаммадова ва дигарон ҳастанд.
Ҳар яки онҳо бо меҳру муҳаббати омӯзгорӣ ва садоқат ба касбашон маъруфанд ва саҳми арзанда дар пешрафти таълиму тарбия доранд.
Омӯзгорони пешсафи мактаб, аз ҷумла Зуҳуриддин Муслиҳиддинов, Абдусаттор Ҳасанов, Майсара Расулова ва Бахтиёр Фаттоев дар пешбурди таълими навин саҳми зиёд мегузоранд. Онҳо ҳамчун муаллими ботаҷриба ба омӯзгорони тамоми ноҳия кӯмак мерасонанд.
Бахтиёр Фаттоев дар тарҷума ва таҳияи китобҳои дарсии физика ва информатика барои мактабҳои тоҷикӣ ҳамчун муҳаррир ва тарҷумон фаъолона иштирок кардааст.
Зуҳуриддин Муслиҳиддинов бо асарҳои илмӣ, мақола ва ширкат дар конфронсҳои байналмилалӣ мақоми мактабро дар сатҳи ҷумҳурӣ боло бурдааст.
Анзират Бобоева ва Бахтиёр Фаттоев иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» мебошанд.
Маҳз ҳамин саъю кӯшишҳо буд, ки мактаб дар соли ҷорӣ аз рӯйи нишондоди дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои олии кишвар бо 106 холи миёна дар байни 95 мактаби ноҳия сазовори ҷойи якум гардид.
Мактаб ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунад, ки ин имкони баробарро барои тамоми хонандагон фароҳам меорад.
Дастпарварони мактаб имрӯз дар саросари ҷаҳон фаъолият доранд ва бо комёбиҳои худ номи мактаб ва ватани худро ифтихор мебахшанд.
– Фахри бузурги мо – муҳаббату эҳтироме мебошад, ки хонандагон ба омӯзгорон ва омӯзгорон ба хонандагон доранд. Мо мактабро на танҳо ҷойи дарс, балки ҷомеаи ягона мешуморем. Бовар дорам, ки насли наврас бо ҳамин рӯҳия ба комёбиҳои бузургтар мерасад, – мегӯяд Ё. Муродуллоев.
Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ, дорандаи ордени «Дӯстлик» Бахтиёр Фаттоев низ ба ин маънӣ гуфт:
– Заҳмати омӯзгор мисли нурест, ки роҳи шогирдро равшан месозад. Ҳар комёбии хонанда – комёбии тамоми ҷамоаи мактаб аст. Мо ифтихор дорем, ки саҳмгузори тарбияи насли наврас ҳастем.
Имрӯз мактаби миёнаи рақами 9 на танҳо ифтихори ноҳия, балки намунаи ибрат барои тамоми ҷумҳурӣ мебошад. Омӯзгорони фидоӣ, хонандагони фаъол ва хатмкардагони сарбаланд шаҳодати равшани ин ҳақиқатанд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.